Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Хеле роҳ рафта, ба мошини пур аз навсарбозон, ки дар интизори ман истода буданд, наздик шудам ва пеш аз саворшавӣ ба ақиб нигаристам. Дидам, ки падарам гиря дораду бо рўймоли миёнаш ашкҳои чун борони баҳории бари рухсорашро пок карда истодааст. Қиёфааш заъфарон ва дастонаш ларзон менамуд.
Ин охирин дидори ман бо падари лахти ҷигар гумкардаам, ғамангезтарин сонияю дақиқаҳои ҳаёти 88- солаи ман будааст, ки то ҳанўз дилу ҷигарамро ба сўзиш меорад ва то ба дами марг ин лаҳзаро фаромўш карда наметавонам. Ҳар гоҳ ки чашми тару гардани каҷи падари дилсўзамро ба хотир меорам, ҳафтоду ду рагу паям ба ларза меояд ва дилу ҷигарам дар ёди падар ба сўзиш омада, мехоҳам гўям: «Падарҷон, гиря накунед!
Ман зинда аз дами оташи ҷанг баргаштам! Аммо туро наёфтам. Сад доду бедод аз ин ноумедиҳо, ки рўзгори сиёҳ бар сари ман овард. Дидагонам бе рўйи ту кўр шуд, эй падар! Ёди ту, ёди бозуву қади шамшоди ту рўз дар бедориям, шаб дар хобам доимо дар пеши чашмонам чун хобу хаёл пайдо мешавад. Ҳарчанд туро мекобам, ба кофтан ҳаргиз намеёбам, дареғо, сиришти одамро Худованд чунин офарида будааст».

Эй ба дидори ту равшан чашми оламбини ман,
Охират, раҳме наояд бар дили мискини ман.

Сўзнок афтода чун парвонаам дар пойи ту,
Худ намесўзад дилам, чун шамъ дар болини ман.

Ҳамин тавр моро аз истгоҳи шаҳри Сталинобод бо қатора ба шаҳрҳои Китобу Шаҳрисабзи Ҷумҳурии Ўзбекистон оварданд. Шаш моҳ дар ин ҷо таълими ҳарбӣ гирифтем. Баъди курси таълимӣ ба фронт равон шудем.

пешина
аз 191
навбатӣ