Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Як хоҳиш дорам, аввал иҷозат диҳед, шуморо охирин маротиба бибўсам ва дуюм, ин ки мабодо агар аз дами оташи ҷанг бо амри тақдир наҷот ёбед, маро ёд кунед. Агар хоҳед, ба ман бевафоӣ накунед, пеш аз ба ватан баргаштан ба шаҳри Мозир барои дидор биёед. Ва гар тир хўрдед, пеш аз марг аввал исми Худову пайғамбар ва пас аз он номи Валентинаи сўхтаву ҳасратиро ба забон оред! Алвидоъ!
Алвидоъ, эй ишқи нотамом, эй ёри бевафо!
Валентина то дер гоҳ гирист. Гўё Шайх Саъдӣ ин ғазалро дар васфи Валентинаи масеҳимазҳаби муқаддас гуфта бошад:

Ёр бо мо бевафоӣ мекунад,
Бе гуноҳ аз мо ҷудоӣ мекунад.
Шамъи ҷонамро бикушт он бевафо,
Ҷойи дигар рўшноӣ мекунад.
Мекунад бо хеши худ бегонагӣ,
Бо ғарибон ошноӣ мекунад.
Ҷавфурўш аст он нигори сангдил,
Бо ман ў гандумнамоӣ мекунад.
Эй мусулмонон, ба фарёдам расед,
К-он фалонӣ бевафоӣ мекунад!
Киштии умрам шикастаст аз ғамаш,
Аз мани мискин ҷудоӣ мекунад...

ОХИРИН ЗАРБАИ ҲАЛОКАТОВАР

Гар ғуссаи рўзгор гўям,
Бас қиссаҳо бешумор гўям.
Як умр ҳазор сол бояд,
То ман яке аз ҳазор гўям.

Душман ақибнишинӣ мекард. Моҳҳои ноябру
декабри соли 1944 ҷанги барқвор дар хоки Лаҳистон
давом мекард. Мардум моро бо хушнудӣ ва бо нону намак пешвоз мегирифтанд.

пешина
аз 191
навбатӣ