ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Деҳаеро аз истилогарон озод кардем. Бо радио хабар доданд, ки аскаронро мардуми деҳа имшаб бо ҷойи хоб ва хўрду хўрок таъмин мекунанд.
Ман бо ду ҳамроҳам, ки яке миёнасолу дигаре ҷавон ва ҳарду озарӣ буданд, дар хонае меҳмон шудем.
Соҳибхона мувофиқи талаб як хонаи алоҳидаро ҷудо кард. Мо аз ў хоҳиш намудем, ки аз гўшти хук таъом наорад. Ў фаҳмид, ки мо мусулмон ҳастем, бароямон тухмбирёну нону чою қанд овард. Баъд аз лаҳзае соҳибхона як шиша шароби дастӣ оварда, дар болои миз гузошт. Ману озарии калонсол гуфтем, ки шаробро баред, мо наменўшем, мусулмон ҳастем. Озарии ҷавон пешдастӣ карда, изҳор кард, ки монед, ман менўшам.
Баъд аз нўшидан ўро дарди ҷонкоҳ аз шикамаш пайдо шуд. Аз шиддати дард чун мор мепечиду гиря мекард.
Соҳибхона духтуреро ҷеғ зад ва ўро ба хаймаи тиббии муваққатӣ бурда, дарунашро шустанд. Саҳарӣ ҷавони озар бо ранги паридаю хаста омада, дар назди мо тавба кард, ки дигар ҳаргиз шароб наменўшад.
Ҳамин тавр ҷангкунон то ба наздикиҳои Варшава расидем. 17-уми январи соли 1945 шаҳри Варшава пурра аз фашистон озод карда шуд. 20-уми январ сеюмин маротиба тир хўрда, маҷрўҳ шудам. Аз 20-уми январ то 10-уми марти соли 1945 дар беморхонаи ҳарбии шаҳри Варшава табобат гирифтам. Комиссияи ҳарбии тиббӣ маро маҷрўҳи гурўҳи дуюм ҳисобида, ба ақибгоҳ фиристод.
Бо умеду орзуи дидори падару модар, хоҳарону бародарон, зану духтар бо тани маҷрўҳу аз захми тир афгор ба Ватан баргаштам.
Афсўс, сад афсўс, падарам, ҷону ҷигарамро гум кардам, ў дар синни 57 солагӣ, ду моҳ пеш аз омаданам дар ёду орзуи дидори писари гумгаштааш дунёи равшанро падруд гуфтааст. Модарам бо сўзу алам мегуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё