Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Дар ҳамин вақт касе кўрпаро аз болоям оҳиста-оҳиста кашида гуфт: – Бачаҷон, хез, оби гарм тайёр, офтобаро гиру шустушўй кун. Шири гарм хунук мешавад. Падарат ба шикор рафт, мумкин панҷ-шаш кабк шикор карда бошад, дилаш нашуд, ки туро аз хоби ширин бедор кунаду ҳамроҳ барад.
Бедор шудам ва хеста дар болои бистари гарму нарм нишастам. Ғамгин шудам, ки чаро падарам ваъда карду маро ҳамроҳаш ба кабкдавонӣ набурдааст. Офтоб миқдори як кулоҷ баромада буд. Чашмонамро молида, сонӣ хамёза кашида ба атроф нигаристам. Дар болои сурфа (кати аз гил сохта), ки дар таги зардолуи қандак сохта шуда буд, дастархон густурда шудааст. Дар болои дастархон ду дона нони нав аз оташдон кандашуда, косаи шири ҳавлаш баромадаистода ва як косаи чўбини Усто Солеҳ тарошида пур аз маскаи тараки заб-зард меистоданд. Гову бузу гўсфандонро кайҳо ба саҳро гуселонида буданд. Ҳеле, ки онро аз чўби юрғайу фарку сурай ва гоҳо аз чўби бушолу зараг ҳам месозанд, кайҳо рўфта шуда тоза менамуд. Камони шикорӣ дар мехи девор овезон набуд, қафаси кабки нару мода холӣ менамуд. Пас ҳис кардам, ки падару модарам нахостаанд фарзанди азизашонро аз хоби ширини субҳгоҳӣ бедор кунанд. Падарам борҳо маро ба кабкшикор бурда буд, чаро ин субҳ не? – гуфта, худ ба худ савол медодам.
Модарам обу оташ, барқи ҷовидонӣ буд. Дар як муддати хеле кўтоҳ вузў карда, ибодат менамуд. Ба оташдон алов монда, говҳоро медўшид. Ҳелу оғилхонаҳоро рўфта тоза мекард, хамири шаб шўридаашро рост карда нон мепухт, ширро пухта ҷурғотӣ мехобонд. Ҷурғоти дар халта бударо ба чархдеги сафолин андохта, дўғ кашида маска мегирифт. Аз чашма дар чор кўза об меовард. Дастархон густурда, барои ман субҳона тайёр мекард ва дар сари гаҳвора нишаста хоҳарчаамро кушода, шустушўй медоронд. Ин ҳама корҳоро ў танҳо мекард. Магар ў парии ёрирасон дошт?

пешина
аз 191
навбатӣ