Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Модарам аз рўзи чоршанбе тайёрӣ медид, ки ҳоло ҳамдеҳаҳою ҳамсоядеҳаҳояш хаста шуда меоянд. Онҳо бо гову асп, бузу гўсфандонашон як шабонарўз меҳмони мо мешуданд. Агар гоҳо он меҳмонон намеомаданд, модарам ғамгину хаста менамуд.
Модарам табиби ҳозиқ буд, сабақи нахустинашро аз падари бузургвораш олим, валӣ, табиби ҳамадони шўҳрати ҷаҳонидошта Мавлавӣ Муҳаммадсолеҳи Сурхиёнӣ гирифта буд. Ў апаи Махдуми Даҳмарда (Абдулқуддус) буд ва ба бародари хурдияш ҳам сабақ медод.
Марду зан, пиру ҷавон аз дуру наздик бо як ихлоси самимӣ барои табобат ба назди модарам меомаданд.
Баъд аз муоинаву ташхис ба онҳо дорую даво мефармуд ва аз каломи Аллоҳ дуо мехонд, ҳамагон шифои комилу оҷил меёфтанд. Охир ў духтар ва шогирди валӣ, яъне авлиёи бузург Домуллои Сурхиён будани хешро исбот мекард.
Ёд дорам, дар ҳамсоягиамон зану шавҳари ҷавон аз шаҳри Кўлоб кўчида омада, зиндагӣ мекарданд.
Нуралиев Н. шўъбаи ҷарроҳии Донишгоҳи тиббии ба номи Абўалӣ ибни Синоро хатм карда буду дар беморхонаи шаҳри Ваҳдат ва занаш, Нуралиева М., факултаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда, дар мактаби №7 омўзгори фанни таърих шуда кор мекарданд. Онҳо дар табобати писарчаи панҷсолаашон дармонда буданд. Маризии хўрандае даҳону забони он кўдакро хўрда буд, ки чирку зардоб бо хун якҷоя шуда, аз кунҷи лабонаш ҷорӣ буд. Духтурону профессорони беморхонаҳои шаҳрҳои Душанбею Орҷоникидзеобод (ҳозира шаҳри Ваҳдат) ба дарди ин тифл даво ёфта наметавонистанд.
Падару модар умедашонро аз беморхонаҳо канда, охирин маротиба барои озмоиш тифли беморро ба назди модарам оварданд. Ў даҳону забон, гулўю дандон ва сўрохиҳои бинии тифлро аз назар гузаронида гуфт: – Ин бемориро дар тибби ниёгон намаш ва дар лаҳҷаи халқӣ бод ва ё дами хўранда меноманд.

пешина
аз 191
навбатӣ