Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Замоне ғанабаш мебурд, агар пашша пар мезад, бедор мешуд. Баъд аз соатҳои 2-3- и шаб оҳиста аз бистари гарму нарм мехест, то ки мо, тифлаконаш, бедор нашавему озори бехобӣ накашем.
Вузў карда, дер гоҳ намоз мехонд. Баъди адои намоз дуру дароз дар болои ҷойнамоз муноҷот ба даргоҳи Худованди Кариму Раҳим мекард. Ҳар як лаҳзаи кору рафтор, пиндору гуфтори модарам дар пеши назарам ҷилвагар мешавад.

ДАР ВАҚТИ ГУСЕЛИ АСКАРӢ

Даъвати Модар – Ватан бар гўши ман,
Кўлвори аскарӣ бар дўши ман.
Эй Ватан! Гуфтам бароям модарӣ,
Раҳсипорам ман ба сўйи аскарӣ.
Кай равад аз хотири ман ин замон,
Лаҳзае рўзи гусели аскарон.
Модарам, бо ашки дида шашқатор,
Аз пасам афтону ларзон раҳсипор.
Қомати зебои ў гашта камон,
Чеҳрааш бошад мисоли заъфарон.
Лаҳзаи охир маро оғўш кард,
Хешро аз сўзи дил беҳуш кард.
Ман кунун бар ёд меорам мудом,
Худ ҳамон як лаҳзаро ҳар субҳу шом.
Ки чи сон модар зи меҳри бекарон,
Баҳри ў бошад ҷудоиҳо гарон.
Солҳо гашта бадал зуди ба зуд,
Модарам ҳам аз ҷаҳон реҳлат намуд.
Қарздорам бар садоқатҳои ў,
Он ҳама меҳру муҳаббатҳои ў.
Гарчи худ як марди солорам кунун,

пешина
аз 191
навбатӣ