ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Бародарони далеру паҳлавони Ҳамза – Рустам, Ҳайдар, Алӣ, Умар, Муслим, Ғаюр, Иброҳим ва писаронаш Ҳомиду Ҳамид ном доштанд. Ин даҳнафарон савори аспҳои сурхранги ёлу думсиёҳи ситорапешонӣ вориди маъракаҳои аспдавонию бузкашӣ мешуданд. Ҳамагон бо завқ тамошо карда, ба корнамоиҳои эшон аҳсану офаринҳо мехонданд.
Мардумони Саричашма ва деҳаҳои атрофи он Бобои Ҳамзаро ба Золи Зару бародарону фарзандонашро ба Рустаму Исфандиёр, Сўҳробу Сиёвуш, Геву Тус, Баҳрому Кайхусрав, Ардашеру Ҳурмузи «Шоҳнома»-и аҷдодии ҳаким Фирдавсии бузургвор монанд карда, ташбеҳ медоданд.
Аввали фасли зебои баҳор буд. Баъд аз адои намози шом мардуми деҳаи Саричашма дар атрофи гулханӣ, аловхонаи масҷиди деҳа давра нишаста, дар атрофи китобҳои қаҳрамонӣ, хусусан «Шоҳнома»-ю «Абўмуслимнома» ва «Темурнома»-ю «Амирҳамзанома»
сўҳбату баҳсҳои илмӣ мекарданд.
Дар ҳамин вақт ногаҳон дари аловхонаи масҷид кушода шуду ду пирамард, як ҷавон ва чор нафар зани дар хоку хун оғўшта гиряю нолакунон ва имдодталабона вориди масҷид гардиданд. Пирамарди қадбаланди қавиҳайкали лабу рухсораш хуншор бо як тарсу ҳарос, ғаму дард оҳи чуқур кашида гуфт:
– Эй, мардуми деҳаи Саричашма! Эй акаи Амирҳамзаи соҳибқирон! (Бобои Ҳамзаро дар назар дорад). Шумо нангу номуси ватандорию миллатдўстӣ доред?!
Бобои Ҳамза гуфт:
– Эй, мардуми деҳаи Миршикорон, магар ягон ҳодиса шуд ва ё ягон балое ба саратон омад?
Пирамард гулў афшонда гуфт:
– Эй Ҳамза, ба доди мо, мардуми камбағал на амир мерасад, на мир! Ин бегоҳӣ миёни намози асру шом 25-30 нафар аз одамони Мангалу Бўрӣ-Қатағани афғон ба деҳа ҳуҷуми бераҳмона карда, мардони деҳаро лату кўб карданд, ду нафар марди камбағалро ба қатл расонданд, гову гўсфанд ва чанд сар аспу чор духтари қинғоларо ҳамроҳ гирифта, ба он сўйи дарёи Панҷ бурданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё