ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа
фиреби душман Ҳамза чун шери ба хашм омада наъра кашида гуфт:
– Ҳой Мангали ваъдахилофи оқи падар! Эй рўбоҳони маккор, ҷазоятонро хоҳед гирифт! Шартномаи мо ин хел набуд, чаро хиёнат кардед?!
Мангалу Бўрӣ-Қатаған хандакунон, бешармонаю таҳқиромез бо як садою овоз гуфтанд:
– Занони шумо – хонашерони майдонғариби хатлонӣ аз они мост! Канӣ ҷуръат карда, ба ин соҳил гузаред!
Ҳамаатонро аз дами теғ мегузаронем!
Аз ин суханони таҳқиромези дуздони кўчӣ хуни ориёии ҳафтод нафар ҷавонмардони тоҷик ба ҷўш омад.
Ҳамза шамшерашро ба гирди сараш чавлон дод ва сонӣ рўймоли сурхи гулдўзии миёнашро дар асое баста, чун дарафши ковиёну байрақи Рустаму Сиёвуш баланд бардошта, наъра зада гуфт:
Пароканда лашкар наояд ба кор,
Ҳафтод марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор.
– Ба пеш! Ба дарё! Ба сўйи ғоратгарони беимону беватану бемиллат! Аллоҳу Акбар!
Ҳамза савори аспе, ки шабеҳи Рахши Рустам буд, дар сафи пеш наъразанон дарёро убур кард. Дар аввали баҳор дарёи Панҷ ниҳоят баланд шуда буд. Баъзе аз сарбозон дар об ғарқ шуданд ва қисме ба соҳил наздик омаданд.
Ҷанги тан ба тан сар шуд. Рахши Ҳамза-паҳлавон аз соҳил баромадан замон дақиқае истод ва нафаси чуқур кашида, худро ларзонду шиҳакашон ба тарафи Мангалу Бўрӣ-Қатаған даҳонашро чун ғори бетаг кушода, ҳамла кард. Дандони асп чун ханҷари тезу қапқони оҳанин ба узангуи аспи Мангал бархўрд. Бо як зарба задан Мангал дар зери пойи Рахши Ҳамза чорқат шуда, чун қурбоққаи ба доми бало афтода руб-руб, тез-тез мижа мезад. Ҳамза каманди дар даст будаашро ба гардани Мангал андохту ба тарафи дарё кашид. Мангал дар дарёи ях барин хунуки Панҷ ғўта мехўрд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё