Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Рўҳи поки Ҳамзаи деҳқони оддии ватандўст, аз як тараф, орому сокит ва шод шуд, зеро ҷасадаш на дар диёри ғайр, балки дар зодгоҳаш, дар бари манзили падару модар, бобою момояш то ба рўзи растохез орому осуда мехобад. Аз тарафи дигар, рўҳи ў хавотир буд.
Барои он хавотир буд, ки аз беғайратию танпарварии амирону ҳокимони давр душманон истифода бурда, ватану миллаташро бераҳмона ғорат мекунанд. Ў орзу дошт, ки соҳибдавлатоне, чун Каёну Анўшервон, Куруши Кабиру Исмоили Сомонӣ ба сари тахти салтанати Бухорои Шариф оянду миллату ватанро аз маҳвшавӣ наҷот диҳанд.

ТАРКИ ВАТАН

Баромад яке абру тира шуд моҳ,
Ҳаме шир борад зи абри сиёҳ.
На дарё падид асту на дашту боғ,
Набинам ҳаме бар ҳаво парри зоғ.
Ҳаким Фирдавсӣ

Чил шабу чил рўз деҳаи Саричашма ва дигар деҳоти атрофи он мотам доштанд. Дар ёди он 11 нафар шаҳиди гулгункафан хурду бузург менолиданд. Ҳамза диловару девори ин деҳотиён буд. Ў онҳоро аз ҳамлаҳои дуздону ғоратгарони бегонаи хориҷӣ ҳифзу ҳимоя мекард.
Чор нафар модару падари духтаргумкарда ҳар субҳу шом ба соҳили дарёи Панҷ рафта, дуру дароз навҳа карда, хабари зинда будан ва ё набудани фарзандонашонро интизорӣ мекашиданд. Чунонки дар урфият мегўянд: «Моргазида аз банди ало метарсад».
Хоб аз сари мардум парида буд. Шабонгоҳҳо дар канори деҳаҳо аз ҳисоби ҷавонмардон то ба рўз посбонҳои эҳтиётӣ мегузоштанд. Баъди ба шаҳодат расидани раиси деҳаи Саричашма Ҳамза ва бародарону ҳамватанонаш гўё табиат бетароват менамуд.

пешина
аз 191
навбатӣ