Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

– Васияти Ҳамзаро иҷро мекунем!
Пеш аз дамидани субҳи содиқ Мулло Ҳайдар, Ғаюру Умар, Алӣ ва Ҳомиду Ҳамид кўч баста, бо чорпоёнашон, ки аз бузу бузғола, гўсфанду барра, гову гўсола ва хару асп иборат буд, роҳи водии Ҳисорро пеш гирифтанд.
Баъд аз ду шабонарўз ба деҳаи нимвайронае, ки дар наздикии Ёвону Норак ҷойгир шуда буд, омада расиданд.
Дар деҳа ҳафт оила зиндагӣ доштанд. Сокинони деҳа муҳоҷирони нохондаро бо хушнудӣ пазируфтанд.
Мулло Ҳайдар аз сардори деҳа пурсон шуда гуфт:
– Бародар, ин деҳа чӣ ном дорад?
Сардори деҳа ҷавоб дод:
– Чалчал!
– Номи аҷоиб: Чалчал.
Баъди сўҳбати дуру дароз ва огоҳӣ ёфтани аҳолии деҳаи Чалчал аз ҳолу аҳволи муҳоҷирон пирамарди нуроние, ки оқсақоли деҳа буд, ба Мулло Ҳайдар рў овард ва ба ҳамдеҳагонаш ишора карда гуфт:
– Муҳоҷирони кўлобӣ нисфи шуморо дар деҳа ҷой дода метавонем, ёрӣ мерасонем, хонаю оғил созед. Мо дар деҳа мулло надорем. Шумо – Мулло Ҳайдар вазифаи муллогию хатибиро ба ўҳда мегиреду фарзандони моро савод меомўзонед.
Аз ин таклифи пирамард ҳамагон шод буданду ҳам ҳайрон. Охир, нисфи дигарашон ба куҷо раванд?
Ғарибакон бо фикру хаёл шабро ба нисф оварданд. Аз сабаби куфту азоби роҳи дурудароз қарибиҳои субҳ ҳамаашонро хоб бурд. Мулло Ҳайдар боз дар хоб рўҳи поки бародари шаҳидаш Ҳамзаи роҳнаморо дид, ки мегўяд: «Мулло Ҳайдар, ту бародари бузурги ман ҳастӣ, бародаронатро роҳбарӣ намо ва аз рўйи адолату шариат молу амвол ва чорвоёнро ду тақсими баробар кунед! Ту ҳамроҳи бародаронат Ғаюру Умар дар ҳамин деҳа зиндагӣ кунед! Ҳомиду Ҳамид ва Алиро ба тарафи Файзобод фирист. Ба онҳо фаҳмон, ки Мазори Хоҷаи Хонро, ки дар қуллаи кўҳи байни Файзободу Ромит ҷойгир аст, зиёрат карда, ба тарафи Ромит раванд.

пешина
аз 191
навбатӣ