Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан
  • Бобоятон, Мавлавӣ Сурхиён, дар бораи истифодаи сано чӣ маслиҳатҳо додаанд?
  • Ҳазрат гуфтаанд, ки агар одам тавонад, соле ду маротиба бо санои маккӣ ҷило кунад, барои саломатии худ дурреро бадастоварда ҳисоб мешавад.
  • Ҳар як одам дар баданаш кирм дорад, яке кам, дигаре зиёд. Зиёд шудани кирм одамро ба бемориҳо мубтало месозад. Барои резондани кирм аз кадом воситаҳо истифода мебаред?
  • Дар бадани инсон 4-5 намуди кирмҳо ҳастанд. Он доруҳое, ки духтурҳо барои резондани кирмҳо пешниҳод мекунанд, доруҳои хубанд, аммо қувваташон ба пурра нест кардани кирмҳо намерасад. Пас аз гузаштани муддате аз тухмҳои боқимонда боз кирмҳои нав сар мебароранд. Бо мақсади резондани кирмҳо доруро аз меъёр зиёд хўрдан ҳам зарар дорад, чунки ба ҷигар таъсир мерасонанд ва кори меъдаю сиёҳлавакро вайрон мекунанд. Ман барои резондани кирмҳо пеш аз ҳама аз санои маккӣ истифода мебарам. Имкониятҳои ин растанӣ зиёданд. Пеш аз амал ба воситаи ташхисҳои духтурон муайян кардан лозим аст, ки кадом намуди кирм дар куҷост: дар талхадон аст, дар меъда аст, дар рўда аст, дар ҷигар аст ё дар ягон узви дигар. Баъди муайян кардани кирм дору тавсия мекунам. Барои аз бадан рехтани кирм бояд ба китфи бемор панҷ зарба занем.
  • Аҷиб! Чӣ хел зарбаҳо?
  • Зарбаи якум бо воситаи он доруҳое, ки дар дорухонаҳо фурўхта мешаванд. Зарбаи дуюмро ба воситаи қиёму ширу сир. Зарбаи сеюм баъд аз як рўз бо равғани зайтуни омехтаи спирт ё шароб ва оби ҷўшомада.
    Баъд аз зарбаи чорум кирмҳо ё мемуранд ё беҳуш мешаванд ва баъди он бо сано (агар санои маккӣ бошад боз беҳтар) ҷилоб кардан лозим. Ҷилоб ҳамаи кирмҳои мурдаю беҳушшударо ва тухмҳояшонро аз вуҷуд берун мекунад.
пешина
аз 191
навбатӣ