Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Тарсу ҳарос ба лабони кампири мушти пар гўё қуфли хомўшӣ зада буд.
Чор нафарон бо як чусту чолокӣ дар бистари хоб дасту бозу ва даҳони Вафоро баста, кашола карда оварда, дар бордони «Мерседес» бор карда, ғайб заданд. Баъд аз соате кампири Фарзона каме ба ёд омад. Садои ниқобпўше, ки бо ў оҳиста гап мезад, шинос менамуд. Гўё ин овозро борҳо шунида бошад. Ў худ ба худ фикр мекарду дарун ба дарун зор-зор мегирист. Ҳар гоҳе мехост, ки садо баланд карда, атрофиёнро ба имдод даъват намояд, овози ниқобпўш дар гўшҳояш садо медод, ки гуфта буд: – «Агар аз ин ҳодиса ба касе хабар диҳӣ ва ё садо баланд кунӣ, дигар Вафоятро ҳаргиз намебинӣ!».
Модар дар ғами ҷигарбандаш сарашро ба санг мезад, менолид ва садо баланд намекард, ки ба Вафояш балое нарасад.

Афтод намози шому ёр аз ман дур,
Ман мурғи харобеву баҳор аз ман дур.
Ғам чун гузаронам, дили зор аз ман дур,
Шаб чун гузарад, сабру қарор аз ман дур.

Модари зор чун мурғи пойсўхта ними шаб дар атрофи ҳавлӣ нолону гирён чарх мезаду чашм аз дарвоза намеканд. Ў умед дошт, ки замоне фарзандаш бармегардад ва аз ҳамин сабаб бесабрию беқарорӣ карда, интизорӣ мекашид.
«Мерседес» дар соҳили рости дарёи Кофарниҳон, поёнтар аз деҳаи Тангаӣ қарор гирифт. Чорнафарон бордони мошинро кушода, Вафоро чун гўсфанди дасту пойбаста аз бордони мошин фароварданд ва ба лату кўб сар карданд. Вафо нахустин зарбаи пойро аз даҳону бинияш ҳис кард. Хуни сурхи ялаққосӣ аз зери панҷаҳояш шорид, зеро ў барои муҳофизати хеш бо дастонаш даҳону бинияшро медошт. Дар ҳамин вақт аз самти муқобил рўшноӣ ва баъд аз он чароғаки даврзанандаи сурху сабзи мошин намудор гардид.

пешина
аз 191
навбатӣ