ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Чорнафарон аз ин шикори бебарор ба тарсу ҳарос афтода, чӣ кор карданашонро надониста, яке ба дигаре садо баланд карда гуфт:
– Ботур гурехтем, милиса омад! Кампир хабар додааст!
Онҳо Вафои дар хоку хун оғўштаро ба ҳоли худ монда, барқвор ба мошин савор шуда, фирор карданд.
Мутаассифона чархи мошини наҷотбахш дар ҷўйча дар монд. Нафароне фаромада, дергоҳ мошинро ба пешу қафо тела доданд. Аз ноомади кор мошин на ба пеш, ба тарафи Вафо, балки баръакс, ба ақиб баромад. Онҳо чизеро пайхас накарда буданд. Вафо ҳис кард, ки агар инҳо милиса бошанд, ўро наҷот дода метавонанд. Агар милисаҳо баргарданд, он чор нафар ниқобпўш ба суроғи ў бармегарданд. Дар вақти садо баланд кардан ва номи яке аз онҳоро ба забон овардани рафиқашон Вафо аниқу равшан донист, ки он қотилон киҳо ҳастанд. Ў аз таъсири мушту лагади ин қотилон маҷоли фирор ва ҳатто роҳ рафтан надошт. Вафо садояшро баланд карда, имдодталабона гуфт:
– Ёрӣ диҳед! Ёрӣ диҳед!!!
Мошин истод ва нафароне чароғак дар даст ба сўяш дав-давон омаданд. Шахсе садо баланд карда гуфт:
– Ту кистӣ? Магар ҳамон говдузд ту нестӣ, ки мо ду шаб инҷониб думболагир мекунем?
Чароғак рўйи Вафоро чун рўз равшан мекард. Хун даҳону бинӣ ва рўю дастони Вафоро суп-сурх карда буд.
Яке аз милитсионерон оҳиста гуфт:
– Рафиқ майор, ин говдузд нест! Ман ўро мешиносам.
Аз ин суханон Вафо ба худ омад, вале дар торикӣ соҳиби садоро намедид. Бо ҳаяҷон гуфт:
– Шумо кӣ ҳастед?
Майори милиса барои санҷиши дуруст будани сухани он милиса чароғро ба рўйи ў дошт. Дар рўшноӣ Вафо ўро шинохт ва гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё