Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа
Аз панҷараи нимабози самти хиёбон, буғзании худравҳо, ожири мошини ёрии таъҷилӣ, садои парма шудани замин ва аз баландгўе оҳанги маҳбуби он шабу рўз ба гўш мерасид, хеле наздик, гўё ин садоҳо дар дохили ҳамин ҳуҷра тавлид мешуданд. Иморат дар маркази шаҳр, дар паҳлўи боғи сарсабзе ҷойгир буд.
Асал ангушт ба лаб бурд ва маро, ки аз лаҳзаи по бар ин макон гузоштан ҳарфе аз даҳонам берун намеомад, ба хомўшӣ ташвиқ кард. Ў бо ишораи сар тахти канори панҷараро нишон дод ва пичиррос зад.
– Хеле дард дорад, ҷонаш дар азоб аст.
Азбас дар ин фазои холӣ ҳатто наҷво низ пажвок эҷод мекард, зани рўйи тахт аз ин ин пич-пичҳо бедор шуд.
Асал дастамро бо аҷала ба тарафи худ кашид, гўё агар монеъи ман намешуд, дафъатан ба самти он зан медавидам.
Он зан гўё сад тон вазн дошт, ки лаб зери дандон танашро оҳиставу бо эҳтиёт аз тахт баланд кард. Худои ман! Дари чеҳраи ў як тиккаи обод вуҷуд надошт, ба андозаи як саги хиёбонӣ кутак хўрда буд. Чашмҳояшро басахтӣ боз кард.
Хост лабханд бизанад, аммо захми хушкидаи гўшаи лабаш монеъ шуд, даҳонашро бо кафи даст пўшид ва бо ишораи сар ба мо салом дод. Аз он чеҳраи сиёҳу кабуд синашро намешуд ҳадс зад, аммо ҷисмаш ҷавон ба назар меомад. Асал канораш нишасту шонаҳояшро бо эҳтиёт навозиш кард, ў барои дар ин ҳуҷра маскун кардани ман аз он зан иҷоза мехост:
– Нигорҷон, бароят ҳамсоя овардам, исмаш Санам аст, духтараки хуб аст, дигар аз танҳоӣ афсурда намешавӣ, чӣ гуфтӣ?
Он зан ба нишони розигӣ сар такон дод ва ҳамзамон кифт дарҳам кашид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё