Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Мисли устухони дастам, ки мумкин аст рушд кунад, вале барои ҳамеша осебпазир мемонад.
– Дишаб номи Шавкатро дар хоб фарёд мезадед ва ўро нафрин мекардед.
– Ҳм...
– Чӣ тавр шуд, ки ба инҷо расидед?
– Чӣ бигўям... тақсири худам буд, вақте як зан силлии аввалро таҳаммул мекунад ва бодалелу бедалал ҳамзистиро бо як ҳаюло идома медиҳад, табдил мешавад ба як зани «шаттахўр», зарбаи дуюм дар назараш ба андозаи аввалӣ даҳшатнок наменамояд, баъдан одат мекунад ва ҳамаро лаб зери дандон қурт медиҳад...
– Шумо ҳам мисли ман бекас ҳастед?
Нигор пузханд зад ва муддате ба шишаи панҷара хира шуд, гўё дар он ойина на хиёбони рўъёҳо, балки тасвири зиндагии худро медид.
– Ман дар як хонаводаи суннатӣ бузург шудам, ягона духтари хонадон будам, бо чаҳор бародар. Падар шоҳи хонадон буд ва модар хизматгори ҳамагон. Тамоми бори рўзгор, ошпазиву рахтшўӣ, поккориву дўзандагӣ ва тарбия панҷ бачаро модарам бар дўш дошт. Ёд надорам, ки дар тўли рўз боре ҳам истироҳат карда бошад, ингор агар ў як лаҳза мутаваққиф мешуд, дунё аз гардиш бозмемонд.
Ҳамеша машғули коре буд, ҳатто замони бордорӣ вақте шикамаш бузургу овезон мешуд. Рўзи зоймон паст-паст нолиш мекарду сару тани додарамро мешўст, барои як ҳафта нон мепўхт, ғизо омода мекард, рахтҳоро уту мезад, лаб зери дандон то фарорасии дардҳои тоқатфарсо сабр мекард ва баъд як даст зери шикаму дасти дигар дар камар, хам-хам ба сандалии мошини ёрии оҷил мехазид. Ў панҷ бачаро бо ҳамин шева ба дунё овард.

пешина
аз 313
навбатӣ