Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Муроқибат аз Нигор зиндагии фалокатбори маро як каме арзишманд кард. Ин шуғл бароям муҳим буд, то битавонам як маҳилаи номафҳуми ҳастиамро пушти сар гузорам. Бо он бозўи шикаста коре аз дасташ намеомад, ўро то дастшўйӣ мебурдам, шалворашро поин меовардам, дасту сураташро мешўстам.
Гоҳо ба чеҳраи сиёҳу кабуди ў хира мешудам ва ба худ мегуфтам, «одам бояд чи ҷурме содир кунад, ки бо чунин бераҳмӣ, мисли як саги хиёбонӣ латту кўб шавад?» Нигор ҳавсалаи гуфтор надошт, ман ҳам кунҷковӣ намекардам.
Худам ба андозаи кофӣ мушкил доштам.
Рўзи сеюми ҳамсоягиям бо Нигор иштиҳояш каме боз шуд, сураташ кам-кам ранг иваз кард, варами чашмаш ва карахшаи гўшаи лабаш каме коҳиш ёфт. Чашми бозшудааш ҳавзи хунро мемонд. Пурсид:
– Ойина дорӣ? – деворҳоро бо нигоҳ палмосидам. Тоза мутаваҷҷеҳ шудам, ки ин хона ойинае надорад.
Гуфтугўи ману Нигортанҳо бо ду се калима маҳдуд мешуд, тўлонитаринаш «раҳмат духтарам» буд. Соатҳо бо ҳасрати ду зиндонӣ аз пушти панҷара ба дунёи берун хира мешудем, ба раҳгузарҳои шитобон, ба ҷуфтҳои рўйи нимкатҳои бағали боғ, ба ҷавонакҳои шўх, ки хиёбон аз садои хандаашон лабрез мешуд, ба як дунёи шигарф, дунёи аз мо дур, орӣ аз ғаму андўҳ...дастнорас. Хиёбони пур аз нишот ба зиндагии накбатбори мо муртабит набуд, мо гўё филм медидем.
Як рўз мисли ҳамеша чашм ба сўйи хиёбон доштем, ки Нигор ногаҳон гуфт:
– Ман ҳам замоне ҷавону зебо будам, зиндагии шоде доштам ...Хаёл мекардам ҳамеша ҳамин тавр мемонад.
– Шумо ҳоло ҳам ҷавону зебоед.
– На, ман дигар он Нигори пешина нестам, гумон намекунам рўзе битавонам ба ҳолати қаблӣ баргардам.

пешина
аз 313
навбатӣ