Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа
Шавҳарам онҳоро то дами дар бурду дари хонаи хобро кушод ва бо чашмони лабрези танаффур ба ман нигоҳ кард. Ҷариқаҳои нигоҳашро ҳаргиз фаромўш намекунам.
Он рўз аз кор барвақт баргашт, рост ба хонаи хоб омаду ҳамон тавр, ки говро аз оғил берун мекашанд, аз гесўвонам гирифту маро аз сари гаҳвора дур андохт, пистон аз даҳони бача канда шуд, кўдак чиррос зад.
«Чӣ кор мекунӣ, девона шудаӣ?» – гуфтам бо қаҳр.
Дигар намедонам чӣ шуд, ингор ба ғори тирае фурў рафтам. Вақте ба ҳуш омадам, ўро болои сарам дидам, ба рўям об мепошид, нигарон ба назар мерасид... Сарам чарх мезаду дилам беҳузур мешуд, бо ҳамон ҳол ба бачаам мерасидам. Саҳар худро дар ойина дидаму нашнохтам...
суратам сиёҳу кабуд шуда буд. Ў бе субҳона ба кор рафт, шояд намехост паёмади мушти оҳанинашро бубинад. Ба маҳзи баста шудани дари вурудӣ чанд либоси бача ва ду се пероҳани худро бардоштам, шоли бузургеро ба сар кардам ва бо таксӣ ба хонаи волидонам рафтам. Падару модар аз дидани сару ҳоли ман шокӣ шуданд, достонро ба онҳо гуфтам. Фурсат доданд, то нафас рост кунам, сипас падарам муҳаррики мошинашро рўшан кард. Ҳарду гуфтанд:
«Ҷангу ҷанҷоли зану шавҳар намаки зиндагӣ аст, боз оштӣ мешавед ва ин қаҳрҳо аз ёд мераванд...баъдан... бародарат дар садади издивоҷ аст, хуб нест қудоҳо туро дар ин хона бубинанд, баргард духтарам, ҳамааш дуруст мешавад».
Ман он рўз як воқеияти талхро дарк кардам: дари хонаи падар барои ҳамеша ба рўям баста шудаст ва ман ба ҷуз таваккал ба худо чорае надорам. Баргаштам ба ҳамон дахмаи заҷру азоб. Ба худ гуфтам: «Наход аз ин бунбаст роҳи бурунрафт вуҷуд надошта бошад?..»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё