Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа
Ман акнун кам-кам ба худ меомадам, тамоми ҳодисаи шаби гузашта бо суръати фазоянда аз пеши назарам гузашт. Чашми ростам дар пушти пилки варам намоён набуд, бо он чашми нимабоз ба пизишк нигоҳ кардам ва бо буғз дар гулў пурсидам.
«Бачаҳоям чӣ мешаванд?»
«Нигарони бачаҳо набошед, касе ҳақ надорад онҳоро аз шумо бигирад. Бачаҳо бо шумо мемонанд, аз рўйи қонун он мард маҷбур мешавад барои шумо хонаву пул бидиҳад. Фақат...рўйи парвандаи ҷиноӣ исрор кунед, фаҳмидед?»
Дар миёни ашк ва буғзе, ки дар гулўям гир карда буд, сарамро бо нишони ризоият такон додам.
Бозпурс як марди миёнсоли гарданкўтоҳу шикамдор буд, нигоҳе ба ман афганду сарашро поин андохт, гўё аз кори шармовари як ҳамтояш хиҷолат мекашид. Ў мўйҳои хокистарӣ, абрўҳои серпашм, чеҳраи паҳну чашмҳои ҳалқамонанд ва ангуштони нозук дошт. Дастҳояш ба ҳайкали сангинаш дар ҳоли таноқуз буд. Чанд варақи холиро аз пўшааш бардошту назди ман гузошт, сипас бо овози нарм ва нозуктар аз ангуштонаш гуфт:
«Ҳодисаро аз «А» то «Я» бинавис».
Дасти ростамро дар такияи дасти чап боло бардоштаму қаламро ба даст гирифтам, аммо аз дард ба худ печидам.
«Соиди дасти росташ беҷо шудааст, навишта наметавонад». – Инро пизишк гуфт, ў зоҳиран машғули кори худ буд, аммо ҳаракатҳои муфаттишро зери назар дошт.
Бозпурс абрў дарҳам кашид ва норозиёна ба тарафи духтур нигоҳ кард.
«Пас чӣ кор кунам, ман ба ҷойи ў бинависам?»
Пизишк эътирози бозпурсро нашнида гирифт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё