Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа
Пеши пояшон хоки замин шудам, як воқеиятро аз ёд бурдам:
инсонҳо шуморо ҳамон тавр мебинанд, ки худро ба онҳо муаррифӣ мекунед. Ман дар ҳамсарам маҳлул шудам, шахсиятамро гум кардам ва имрўз подошамро гирифтам...
Бозпурс аз ин ҳарфҳо иттилоъи барои протокол заруриро пайдо накард ва суоломез абрў дарҳам кашид.
– Яъне, ҳамсар шуморо ба худкушӣ водор кард?
– Қиссааш муфассал аст, мумкин аст вақти шумо зоеъ шавад.
– Нигарон набошед, ман вақти кофӣ дорам.
Зан бо тардид ба бозҷў нигоҳ кард, баъд он қадр ба сурати ў хира шуд, ки ҷавони бечора аз хиҷолат сар ба зер афканд.
– Намедонед чаро ин соат ақрабак надорад?
Бозпурс аз ин суоли берабт тааҷҷуб кард. Ў пушт ба соат нишаста буд, чархиду ба девор нигарист.
– Намедонам... ҳатман печаш заиф буд, шояд ақрабакҳо ба дохил афтидаанд...
– Агар соати умри инсон ақрабак намедошт, чӣ мешуд? Эҳтимол мо ҳама аз чунин ҳастии тўлонӣ безор мешудем... ва худкушӣ бароямон роиҷтарин чораи раҳоӣ аз чунин зиндагӣ мебуд.
Бозпурс «ҳазён»-и занро паёмади фишори равонӣ талаққӣ кард ва ноумед ба шунидани як ҳарфи мантиқӣ дафтару қаламро канор гузошт.
Зан достонашро бидуни муқаддима оғоз кард.
– Ман ҳамсари як муҳоҷири меҳнатӣ будам, ба иборати дақиқтар, ҳамсари телефониаш, то як завҷаи воқеъӣ.
Дар тўли ду соли издивоҷ ўро ҳамагӣ ду бор мулоқот кардам: бори аввал шаби никоҳ ва бори дуюм зимистони соли гузашта, дар моҳи панҷуми бордориам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё