Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Намедонам чаро, аммо аз рўзи аввали издивоҷ як ҳиссе ба ман мегуфт, ки ин васлат дер давом намеорад. Ҳамон тавр, ки чизҳои маҳбуб ва пурарзиш саранҷом ё мешикананд, ё гум мешаванд.
Падару модари ман як умр муаллим буданд, инсонҳои наҷибу шариф ва накўкор. Ман ҳам роҳи онҳоро думбол кардам ва пас аз хатми мадраса ба Донишгоҳи омўзгорӣ санад супурдам. Соли дуюми донишҷўӣ хоҳари кўчаки падарам писари як дўсташро ба ман муаррифӣ кард, аксашро нишон дод, аз ман дида зеботар буд. Чанд моҳ робитаи телефонӣ доштем, ба ҳам вобаставу алоқаманд шудем, меҳрубону боназокат буд, ҳарфи баде аз забонаш берун намеомад. Бо дипломи меъморӣ дар кадом қассобхонаи Русия кор мекард, суҳбатҳои ошиқонаи мо дар пасманзари «маъос»-и гову гўсола ҷараён мегирифт.
Саранҷом барои ду ҳафта ба ватан баргашт, соли сеюми таҳсилам буд, хонаводаҳо маросими хостгориву фотиҳа ва тўйро пушти ҳам баргузор карданд. Хонаводаи домод қабл аз тўй ваъдаи қатъӣ дод, ки ба ҳеҷ ваҷҳ монеъи таҳсили ман намешавад, аммо ҳамсарам розигӣ надод:
«Шайтон барандаи роҳ аст, коре накунӣ, ки шарманда шавам».
Ман он замон ончунон ошиқу шайдо будам, ки тасмими ўро ишқи беандоза маънидод кардам ва мураххасии таҳсилӣ гирифтам. Орзу доштам, ки маро бо худ ба он кишвари афсонавию ҷаззоб бубарад, ҳатто ба ҳамон қассобхона, то бо ў сар ба болин гузорам ва субҳ бо бўсаҳояш чашм боз кунам, аммо ин рўъё ҳаргиз амалӣ нашуд. Ивазаш пеш аз сафар ба ман гуфт:
«Ҳурмати модарамро ба ҷо биёр, нагзор аз ту норозӣ шавад», – гўё ба хотири модараш бо ман издивоҷ карда буд.

пешина
аз 313
навбатӣ