Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа
Ба модаршўям нигоҳ кардам... Ва бозтоби гуфтаҳои ҳамсарамро ба вузуҳ дар чеҳраи ў дидам. Бо шукўҳу ифтихори як фармондеҳи пирўз бар лашкари рақиб аз канорам рад шуд, чашмони кўчакаш аз хушҳолӣ медурахшиданд, тамоми вуҷудаш, чеҳраи чоқи равғанӣ, холҳои гўштии ришдор, синаҳои бузурги то камар овезон ва гардани кўтоҳи дар шонаҳо фурўрафтааш, ҳама ба ман шиори ҳамешагии ўро такрор мекарданд: «шўхӣ накун ба арбоб, арбоб занад ба ҳар боб».
Ҳисси воқеият билофосила ба ман барнагашт, замон бурд, то фаҳмидам, ки дигар шавҳар надорам, ў ба ҳамин роҳатӣ аз баҳри ман гузашт, шудам як беваи сеталоқа, хандахариши хешу бегона! Ногаҳон чизе дар вуҷудам чаппагардон шуд, инро равшан эҳсос кардам, ингор хун дар баданам роҳашро дигар кард ва чапғалат ба майнаи сарам зад. Он замон ҳеҷ чиз ба андозаи марг бароям дилпазир набуд.
Пистонро башиддат аз даҳони кўдак берун кашидам ва қотеъона аз ҷой бархостам, ҳатто кафшҳоямро напўшидам, бехуду беёд, бо қадамҳои бузург, дар имтидоди роҳи ноҳамвор ба сўйи рўдхонаи Душанбе рафтам. Шохаи сероби дарё аз ҳошияи маҳаллаи мо мегузашт, ба ҳамон самт роҳ пеш гирифтам.
Зеҳнам тамоми робитаашро бо ин дунё қатъ карда буд, ҳатто вуҷуди фарзанди ягонаамро фаромўш кардам, гўё аслан бачае надоштам. «Бисмсиллоҳи Раҳмону Раҳим» гуфтаму худро ба рўдхона андохтам... Намедонам чаро «бисмиллоҳ» гуфтам, шояд аз рўйи одат буд, вагарна магар Худо дарҳояшро ба рўйи як худкуш боз мекунад!?
Аммо нашуд, мурдан насибам набудаст, Худо гуфт:
«ту ғалат кардаӣ, ин манам, ки тасмим мегирам бимирӣ ё бимонӣ!»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё