Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Падарам он варақҳои рангаро, ки исми ў низ дар онҳо сабт шуда буд, дар чаҳорчўба мегузошт ва бо ифтихор ба девор меовехт. Аз омўзгорони мадраса муаллимаи риёзиёт улгўи ман буд. Бо ман мисли дугона, ё беҳтар аст бигўям, мисли хоҳари бузург рафтор мекард ва ангеза медод, ки фаротар аз барномаҳои дарсӣ рушд кунам, аз пешрафтҳоям хушҳол мешуд. Хонаводаи маро мешинохт, мегуфт:
– «Ту шабеҳи донаи як гули зебо ҳастӣ, ки тасодуфан дар байни тухмии гашнизу райҳон ба замини камнумўъе афтодаӣ, ҳаргиз ба сахтиҳо таслим нашав, ёдат бошад, ту гули зебоафтоди ва ҷойгоҳе дорӣ болотар аз гиёҳҳои дигар».
Гоҳо ба назарам мерасид, ки ў дар ман рўъёҳои барбодрафтаи худро медид, бо ҳавас ба ман чашм медўхт ва мегўфт: «ҳис мекунам ояндаи шигифтангезе дорӣ, нагзор бо иштибоҳоти ислоҳнопазир хароб шавад».
Муаллима ҳусни ғайримаъмулӣ дошт, гунаҳои баланд, бинии кўчак, чашмонаш танг ва сурати байзашакли сабзина. Мисли як байтал буд, зебо, бошукўҳ, барозанда ва бо азулоти варзида. Худаш ҳам намедонист ин вежагиҳо аз куҷо реша гирифтаанд, гоҳо бо шўхӣ мегўфт:
«Шояд бозмондаи кадом қабоили муғул ҳастам».
Омўзгорони зандору безан пеши ў мисли мум нарм мешуданд ва оби даҳони ҷавонҳои синфи болоӣ барои муаллима мерехт. Намедонам, оё боре издивоҷ карда буд ё не, аммо як писари панҷсола дошт.
Баъзе дарсҳояш баъд аз зуҳр баргузор мешуд, дар чунин рўзҳо ман аз писари ў парасторӣ мекардам, дар иваз бароям ройгон дарси иловагӣ медод, маро ба имтиҳон омода мекард. Ба худ мегуфтам:

пешина
аз 313
навбатӣ