Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳамсарам пузханд зад.
«Хоҳарат моли худат, ман бо ў зиндагӣ намекунам, узр ҳам намепурсам, он пулро ҳам ба шумо – авлоди гадоҳо, бахшидам!»
«Ту ғалат мекунӣ, хоҳарамро се шаб истифода кардӣ, акнун бармегардонӣ? Кадом аблаҳ духтареро ба занӣ мегирад, ки се шаб дар бағали як марди дигар хобида буд!?»
Бо тамасхур гуфт:
«Гувоҳиномаро нишон диҳед, кор ҳал аст!»
Бародарам мушти маҳкаме ба сурати домод зад, қатраҳои хун аз димоғи ў ба пероҳани сафедаш мечакид. Ду се марди раҳгузар миёндаро шуданд ва онҳоро аз ҳам ҷудо карданд.
Бародарам маро бо худ ба хона набурд, бо ишораи сар мошини домодро нишон дод, яъне: «туро мехоҳанд ё намехоҳанд, бо онҳо бирав!»
Модаршўям ин саҳнаро диду маро ба сўйи мошин раҳбаладӣ кард, коғази муоинаи духтурро ба дастам дод ва ба сандалии ақиб нишонд, сипас аз остини писараш кашиду ба пушти фармон овард ва худаш дар сандалии пеш нишаст. Домод дастони хунолудашро бо дастмоли нам пок карду калиди мошинро бо ғазаб тоб дод. Пардаи тирае қалбу рўҳамро фаро гирифт, эҳтимоли бозгашт ба он лонаи накбату шиканҷа бароям бадтар аз мондан дар хиёбон буд. Мағзам девонавор кор мекард, роҳи наҷот меҷуст.
Нигоҳам ба ойинаи ронанда афтод, чашмонашро дидам, ҳамон чашмони оташбори пур аз хашму ғазабро, чашмони хунгирифта ва ташнаи интиқомро. Мўй дар баданам сих шуд. Ин дам чароғи раҳнамо ранги қирмиз гирифт, ў тормузро ба шиддат пахш кард, сарам ба такягоҳи сандалии пеш бархўрд. Шояд ҳамин зарба маро ба худ овард, ё тарси баргаштан ба он хона, ки ногаҳон дарро боз кардаму худро берун андохтам, чанд қадам чорпо рафтам ва баъд бархостаму мисли девонаҳо ба ақиб, муқобили ҳаракати мошинҳо давидам.

пешина
аз 313
навбатӣ