Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Не бачам, надидам, – хола оҳиста ба сўйи дар рафт, аммо раҳ ба раҳ чизе ба хотираш расиду суръати қадамҳояшро бештар кард. Ў баъди лаҳзае баргашт, номаи ғичимшуда дар дасташ буд.
– Намедонам, коғази гуфтагиат ҳамин бошад ё не…
ман инро аз зери тахти зоймон бардоштам, гумон кардам ғайҷӣ аст, ба сатили ахлот андохтам.
– «Ғайҷӣ!»... чӣ калимаи муносибе барои ин нома.»
– гуфт Найсон бо худ.
Номаро бори аввал имрўз дар ҳуҷраи Санам хонду зарбаи мабҳуткунандае ба равонаш ворид шуд, ҷонаш аз ҳайрати беандоза ва эҳтимоли як ифшои хатарнок ба ларза омад. Дар ин нома Моҳистон пўшидатарин рози зиндагиашро ба писараш боз мекард. Найсон дар як дуроҳӣ қарор дошт: номаро бисўзонаду ҳама чизро ҳамон тавр, ки ҳаст раҳо кунад, ё ҳамаро ба хоҳару додараш бигўяд ва онҳоро дар маърази зарбаи отифӣ қарор бидиҳад.
Ў ҳатто барои як лаҳза аз пайдо шудани нома пушаймон шуд. Бояд Санамро бубинам, дар ниҳояти амр, шахсияти калидии ин достон Санам аст, агар ў бихоҳад розро ба ҳама ошкор мекунам, агар не, бигзор ин асрор пўшида бимонад.
Найсон аз рўйи одати моҳҳои ахир шикамашро ламс кард, пучу фурўрафта буд, акнун ба ёди навзод афтоду хиҷолат кашид. Аз зоймонаш ҳашт соат мегузашт, аммо то ҳол духтарашро надида буд. Тоблуи телефони ҳамроҳ сеи шабро нишон медод ва рўзи наве дошт фаро мерасид.
Ором-ором аз ҷой баланд шуду ба сўйи бахши навзодҳо қадам бардошт. Гиряи ҳамзамони бачаҳоро аз дур шуниду эҳсоси ширине вуҷудашро фаро гирифт. Найсон ин садоҳоро ҳар рўз мешунид, пасманзари ҳаррўзаи кораш буд, аммо ҳоло фарқ дошт, дар ин «хори навзодҳо» садое аз ҳанҷараи нозуки духтари ў берун меомад ва қалбашро аз нишот лабрез мекард.

пешина
аз 313
навбатӣ