Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа
– Найсон, бубин чӣ духтари хушгил ба дунё овардӣ, мисли моҳ аст! – ў тифлро барои аввалин тамоси берун аз раҳм рўйи синаи модар гузошт, Найсон беҳолона мижа ба ҳам зад, азбас ҳафт соат дард кашида буд, рўйи тахти зоймон хобаш бурд. Ўро пас такмили мароҳили зарурии баъди таваллуд аз хоб бедор карданд. Чашм боз карду нигоҳаш ба сақфи сафед бархўрд, шабеҳи хонаи хоби худаш буд, нороҳат шуд, хаёл кард таваллуди бачаро хоб дидаст.
Ором-ором даст ба самти шикамаш дароз кард, дасташ ба кисаи ях бархўрду хушҳол шуд.
Рўйдоди соатҳои ахир бо суръати барқ аз пеши чашмаш гузашт. Ногаҳон ба ёди номаи модараш афтод, мушташ холӣ буд, мехост бархезаду ҳамаҷоро бигардад, аммо нерў надошт. Рў ба парастор овард.
– Бо худ номае доштам, намедонӣ куҷост?
– На, надидам, нома дар куҷо буд? Дар ҷайби хилъат?
– Дар кафи дастам буд, онро фишор медодаму дардамро фурў мебурдам, баъд намедонам куҷо шуд.
– Шояд дар палата гузоштаӣ?
– Намедонам, фаррошро садо кун.
Парастор сар аз дари ҳуҷраи зоймон бадар карду бо овози баланд «Холаи Ҳанифа!» садо зад. Зане аз гўшаи дури роҳрав «лаббай!» гуфт.
Назофатчӣ як хонуми синни бознишастагӣ буд, ў худро сареъ ба ҳуҷраи зоймон расонд, нигарон ба назар меомад, гумон дошт аз ў иштибоҳе сар задааст.
– Хола, ман бо худ коғазе доштам, намедонам дар куҷо афтондам. Шумо чизе надидед? Як коғази ғиҷимшуда буд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё