Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Саҳнаи ҷолибе буд, мудом ба ў нигоҳ мекардам, ҳарфҳояшро мешунидам, аммо ҳавосам бо ў набуд. Фикр мекардам ишқу алоқамандӣ, бо ин ҳама тавсифу ситоишу шеъру достони шоирон моли пурарзише набудаст, як эҳсоси ҷаъливу муваққатӣ, мисли ҳамон пероҳани арўсӣ, ки аз дўконе ба иҷора гирифтам, ошиқаш шудам, мехостам моли ман бошад, аммо пероҳанро ба соҳибаш баргардондаму дигар ҳаргиз аз он ёд накардам. Агар эҳсосам ба ҳамсарам воқеъӣ мебуд, бояд бо дидани ў аз шодӣ мемурдам, ба пояш меуфтодам ва сар ба фармонаш мефуровардам. Аммо ин тавр набуд.
Ҳар қадр ба ў нигоҳ мекардам, монандиҳояш бо модараш бештар кашф мешуд, аз ишқварзиҳое, ки бо ў доштам чиндишам меомад, гўё модарашро бўсида будам... Ба тахайюли «хориқулъода»-и худам, ки ин мардро дар назарам ҳусни кулл ҷилва медод, хандидам! Пуштнокӣ ба сўйи бино ҳаракат кардам, ў ба самти ман қадам бардошт.
– «Баҳорро бигир, ба хона бармегардем, ман ҳамсари партовӣ надорам, як иштибоҳ кардем... зиндагӣ ҳазор шикасту рехт дорад...қобили бахшиш аст...ба назарам».
– Он лаҳза ба думболи ҳарфи қавӣ ва нишонрасе будам, то аз даҳонам монанди тир берун биҷаҳад, ба қалбаш фурў биравад ва ў таъми ҳамон талоқи телефониро, ки маро ба садди ҷунун расонда буд, бичашад. Мутаассифона, чизе ба зеҳнам хутур накард, фақат сар такон додам, ба нишони таассуф аз ҳар рўзи зиндагиам ба сифати ҳамсари ў ва ҳам радди пешниҳоди ў барои бозгашт ба хона...
Суман бо духтараки кучулўяш танҳо як шаби дигар бо мо буд, рўзи баъд бародараш ба суроғаш омад, бозпурс онҳоро бо мошин то хонаашон бурд, ў як марди шариф ва содиқ ба касбу кораш будаст, қазияи Суманро то ба охир расонд.

пешина
аз 313
навбатӣ