Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Номаро намегиред? – Холадухтар бо илтиҷо гардан каҷ кард.
– Дигар чӣ аҳамият дорад? Агар ин нома ҳамон чизе ҳаст, ки ман фикр мекунам, барои навиштану хонданаш хеле дер шуд.
Ашк дар чашмони зебои Найсон ҳалқа мезаду такон мехўрд, аммо сарозер намешуд, лабҳояш аз алам меларзиданд.
– Модари ман ҳанўз дафн нашудааст, бихонед номаро, зорӣ мекунам... агар муртакиби гуноҳе буд, ўро бубахшед, дар ин дунё азият кашид, ҳаддиақал дар гўр ором бихобад…
– Омўрзиши гуноҳ кори Парвардигор аст.
– Шумо бубахшед, Худо ҳам мебахшад.
– Хоҳараки ман, бахшиши ман рўйи адолати Парвардигор таъсир надорад.
Найсон лаби поёни худро газид, мавҷи ноумедӣ ва хашм сураташро убур кард, лаккаҳои қирмизи гунаҳояш амиқтар шуданд, ингор намехост нафрине аз даҳонаш берун биёяд, ки рўяш ба тарафи хиёбон чархид. Дар ин ҳангом, таксие дар ибтидои тангкўчаи бунбастии бедаврбаргадон мутаваққиф шуд. Аз он мошин як ҷавони лоғару болобаланд берун омад, зоҳиран гиҷу сардаргум ба назар мерасид ва бори сангини кулбори варзишӣ таодули шонаҳояшро ба ҳам мезад.
Найсон бодиққат ба он мошин чашм дўхт, ногаҳон чеҳрааш ранг бохт, қоматашро хам карду бо нидои «хонаамон сўхт, додар!» гаштаву баргашта даст ба зону зад.
Номаи дасташ ба канори ҷода парт шуд ва худаш навҳакашон ба сўйи мусофири таксӣ рафт. Писари мусофири хола, ҳамоне ки ба гуфти он ду марди озими масҷид, мурдаро ба хотири ў пешнамоз накарданд, аз марги модар хабар надошт.

пешина
аз 313
навбатӣ