Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа
Ў аз остонаи дар ба самти ман баргашт.
– Бубин духтар, ман ҳам шаллоқ хўрдам, шояд бадтар аз ин занҳо, дар мазҳари ом, таассуфу бечоранолӣ кори душвор нест, кунҷе менишинам ва зонуи ғам бағал мекунам, баъдаш чӣ? Оне ки маро ба ин ҳол овард, дубора издивоҷ мекунад, шоду хуррам умр ба сар мебарад, ман аз ғаму андўҳ дер ё зуд сактаи мағзӣ мегирам... Одам бояд девона бошад, ки худро ба ин ҳол гирифтор кунад!
Аз гуфтаам пушаймон шудам. Чонаамро боло бардошту бо диққат ба чашмонам нигоҳ кард ва сахтгирона гуфт:
– Ёдат бошад, сарнавишти инсон дар дасти худи инсон аст ва ҳеҷ кас ба ҷуз худи ў наметавонад зиндагиашро тағйир бидиҳад. Зиндагӣ гоҳо шигифтии нохушояндро ба ҳамроҳ дорад, аммо нагзор зери бораш леҳ шавӣ. Агар замин хўрдӣ, баланд шав, гарду чангро аз доманат бияфшон ва бо сари баланд ба роҳат идома бидеҳ, нагзор вуҷудат бо бадбахтӣ одат кунад. Сарнавишт ба андозае, ки мо фикр мекунем номеҳрубон нест, ҳамеша даричаеро барои хурўҷ аз нобарориҳо боқӣ мегузорад, бояд ба худ итминон дошта бошӣ то он дарича ба рўят боз шавад. Файласуфе гуфтааст: «Ҳар ончи моро намекушад, қавитарамон мекунад!»
Пас аз наҳор Эронгул хост дар ҳавои тоза гардиш кунем. То пушти иморат рафтем, нигаҳбон вонамуд мекард, ки моро намебинад. Он маконро бори аввал медидам, як ҳотаи номураттаби пур аз алафҳои ҳарз буд. Баҳорон касе помидор ва қаланфури булғорӣ кишт карда, аммо дигар аз паяш нашудаст. Ҳосилашон дар навдаҳо хушк шуда буд.
Эронгул ногаҳон пурсид:
– Қаҳва менушӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё