Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Якҷо субҳона хўрдем. Аз дирўз бо ҳам ҳарф назада будем, ў ногаҳон гуфт:
– Дардҳо бо гузашти замон музмин мешаванд, ба буданашон одат мекунӣ, гоҳо зуқ-зуқи онҳоро аз нохудогоҳи вуҷудат мешунавӣ, аммо дигар бар равону зиндагиат таъсиргузор нестанд. Мағзи инсон узви бисёр аҷиб аст, худаш роҳи осебро мебандад то соҳибаш аз ғусса девона нашавад...
Луқмаи даҳонамро фурў бурдаму ба ў чашм дўхтам, медонистам Эронгул беҳуда ҳарф намезанад.
– Ту набояд инҷо бимонӣ, фазои инҷо масмумкунанда аст.
– Куҷо биравам? Ман ҷое барои рафтан надорам…
– Азизам, дар ин дунё танҳо марг роҳи ҳал надорад, мушкилоти дигар ҳалшаванда аст.
– Бояд чӣ кор кунам?
– Хомўш набош, табуро бишикан, муҷримонро ба дасти адолат бисупор, достонатро ба дигарон бигў.
– Холаамро!?
– Чаро не? Агар холаат ба ту раҳм накард ва мисли пору ба ҳошияи зиндагӣ партофт, чаро ту бояд ба ў тараҳҳум нишон бидиҳӣ??
– Аз куҷо бояд шурўъ кунам?
– Инаш бо ман, як рафиқ дорам, додараш аз хабарнигорони ифшогар аст. Бо ў дар тамос мешавам, фақат ақибнишинӣ накун, то ба охир бирав!
Эронгул барои ман аввалин устоди дарси зинда мондан дар он замони буҳронӣ буд. Ман ҳамагӣ як ҳафта бо ў зиндагӣ кардам, аммо ҳамин ҳафт рўз кофӣ буд то зеҳни ман ба куллӣ тағйир ёбад. Аз ў муқовимат бо чолишҳоро омўхтам, ёд гирифтам, ки чигуна эҳсосамро фурў нишонам ва дар мушкилот танҳо ба нерўйи худ такя кунам.

пешина
аз 313
навбатӣ