Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа
– Одамон гоҳо ба далели ҳамоқат, ё аз содалавҳӣ иштибоҳотеро муртакиб мешаванд, ки баъд тамоми умр анҷараашро мекашанд. Иштибоҳи ман бароям бо қимати гароне тамом шуд. Ман як духтари рустоӣ будам, бо суннату маҳдудиятҳои хоси деҳот. Духтарони рустои мо ба нудрат барои таҳсил ба шаҳр мерафтанд. Падарам, Худо раҳматаш кунад, одами рўшанфикр буд, мехост духтарҳояш босавод бошанд, пули зиёд надошт, ду гўсолаашро ба ман доду гуфт: «Инҳоро бузург кун ва пули таҳсилатро дарбиёр». Ду сол заҳмат кашидам то гўсолаҳо «буқарав»
шуданд ва падарам онҳоро фурўхту пулашро ба ман дод, то харҷи иҷораву таҳсил кунам, аммо ба шаҳр омадаму аз нашъаи саргиҷкнунадаи озодӣ раҳгум задам. Ҳамаро аз ёд бурдам, на обрўйи падар бароям арзиш дошт, на шаъни духтарӣ. Ба ҷавоне ошиқ шудам, як ҷавони бисёр хушқиёфа, духтарони зиёде ба думболаш буданд, соли охири таҳсилро пушти сар мекард. Девонавор ошиқаш шудам, иффату бакорат чи буд, агар ҷонамро мехост барояш қурбон мекардам. Ду моҳро бо ў мисли дар хобу хаёл зиндагӣ кардам, вақте «бедор» шудам, на ў буду на «ману ў». Тўл накашид, то хабари издивоҷаш ба гўшам расид. Аз бордориям як моҳ баъд аз рафтанаш огоҳ шудам. Бо худ гуфтам, ба ҳар қимате бошад, ин бачаро ҳамчун ёдгори он ишқи бузург нигаҳ медорам, аммо падарам ба ёдам меомаду қалбам аз ғам тира мешуд. Вақте маро ба донишгоҳ бадрақа мекард, даст сўйи осмон бародошт ва аз Парвардигор хост, ки маро аз шармандагӣ эмин нигаҳ дорад». Мехостам ҳадди ақал як нафар бигўяд: «бигзор ин кўдак ба дунё биёяд», вале ба ҷуз тарсу ҳарос, ки шабу рўз оҳанги бадбахтиро дар гўшам замзама мекард, дигар маслиҳатгаре надоштам…
Билохира натавонистам ин мушкилро дар танҳоӣ ҳал кунам ва ҳодисаро дар моҳи сеюми бордорӣ ба духтари ҳамхонаам гуфтам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё