Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳуҷраи бачаҳои се-чаҳорсола ду баробар бузургтар аз утоқи ширмакҳо буд, як макони замонавӣ, бо ҷевону рафҳои пур аз хирсакҳои махмалин ва арўсакҳои фарангӣ. Афроди хайрхоҳ ағлаб ба парваришгоҳ маводи ғизоӣ ва бозичаву пўшок меоварданд.
Зоҳиран, ҳама чиз барои бачаҳо фароҳам буд, аммо низоми зиндагӣ дар ин утоқ артишро ба ёд меовард ва кўдакон сарбозакони кучулўро, ки зиндагиашон бар асоси реҷаи аз қабл таъйидшуда ҷараён мегирифт: субҳ бо ҳам баланд мешуданд, якҷо дастшўйӣ мерафтанд, якҷо ғизо мехўрданд, якҷо ба сайри боғча мебаромаданд ва дар як фазо мехобиданд.
Мураббии кўдакони бузургтар як зани ҳудудан шастсолаи қавипайкар буд, бо дасту панҷаи мардона, вале бо садои гирифта, ки гўё аз як тори савтии шамолзадаи гулўяш берун меомад. Дар чеҳраи чаҳоркунҷаи ў ҳама узвҳо- чашму биниву лабу даҳон, пешонӣ, ҳатто қоби тиллоӣ, ки бо мурури замон хўрда шуда, решаи дандонашро урён карда буд, бузург ба назар мерасид. Содиқона бигўям, зани баде набуд, аммо дасташ ба ҳама намерасид, як мураббӣ ва як доя рўзона аз бист кўдак муроқибат мекард, хўрондану пўшондан, тамиз кардан, хобонидан...
Мураббӣ хонаводаи пурҷамъият дошту чандин набераву абера ва сад кулфату дармондагии дигар. Гоҳо гирифтори ҷанҷоли писару арўсаш мешуд, гоҳо духтараш аз хонаи шавҳар ба хонаи модар «қаҳр» меомад, мудом барои фарзанди муҳоҷираш мегирист, мисли хирси бузургҷусса, ки барои бачаи гумшудааш мушт ба сар мезанад. Ў барои ишқу алоқамандӣ ба кўдакони ятим на фурсат дошт, на нерў.

пешина
аз 313
навбатӣ