Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Сояи андўҳи азиме рўйи синаам фуруд омад, барояш мутаассиф шудам, дилам ба ҳолаш сўхт, лабонамро ба гўшаш наздик овардаму наҷво задам:
– Писари кучулў, чашмонатро боз кун, модарат нигаронат шудааст, рўҳи нооромаш мисли мурғи посўхта даври ту пар-пар мезанад, мехоҳад ҳамаро аз хоб баланд кунад, то танҳо набошӣ...
Он шаб то субҳ канори тахти ў нишастам, ангуштони дасту пойи сардашро дона-дона навозиш кардам. Панҷаи сардаш дар кафи дастам гарм шуд, аммо ягон азулааш такон нахўрд, ҳамчунон беҳаракат мехобид, гўё аз олами ҳастӣ кайҳо ҷудо шуда буд.
– Ту инҷо чӣ кор мекунӣ?
Духтури навбатдорро пушти сар дидаму аз ҷой як қад паридам.
– Ҳич...фақат хостам бубинам чӣ ҳол дорад.
– Вақти худро бо ин кўдак талаф надеҳ, оянда надорад.
– Ганҷалӣ аз самти рост ба кўдак наздик шуд ва ҷоғи ўро шабеҳи бозичаи пуржинаш шикаста болову поин кард.
– Мебинӣ, тавоне надорад, ҷоғашро нигаҳ дорад, гўё ин ҳама доруву дармонро мо ба рўдхона мерехта бошем.
Лекин сахтҷон будаст, бо ин қалби заиф бояд кайҳо мемурд.
Аз ҳарфҳояш хушам наомад, шояд дуктури ҳирфаӣ буд, шояд бемористонҳои дигар ба таҷрибаву малакаи ў ниёз доштанд, аммо на парваришгоҳ, инҷо бояд инсонҳои мисли Моҳтоб кор кунанд, ки ятимро аз фарзанди худ кам намедонанд.
Рўзе ки Моҳбегим маро ба мактаби шабона мебурд, дар роҳ назарамро дар мавриди ҳамкорон пурсид. Хусусияти

пешина
аз 313
навбатӣ