Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ба гадо монанд набуд, вале ба думболи гадоёна ба ин хиёбон меомад. Ба риши баландаш низ гўё одат накарда буд, ки ағлаб даст ба занахдон мезад, гўё мехост он пашмҳоро барканаду дур андозад, либосаш низ бар танаш бегонагӣ мекард, гўё як либоси ориятӣ буд...
На шоле бо худ дошт на кашкуле, шояд ба ҳамин хотир дар назари раҳгузарҳо як пирамарди хастаи дар ҳоли сукут менамуд ва онҳо бе он ки тангае барояш хайр кунанд, бепарво аз паҳлўяш рад мешуданд. Гоҳо ягон раҳгузари боҳуш, ҳамоне, ки метавонист дарди дигаронро аз суратҳояшон бихонад, ба ў пул медод. Пирамард хиҷолат мекашид, беҷуръатона даст меёзонду осемасар омин мекард ва нигоҳашро аз раҳгузари савобҷў мегурезонд.
Таҷрубаи гадойӣ надошт, ингор ғуруру ҳайсияташ ба шуғли ҷадиди ў басахтӣ канор меомад. Санам ба пирамард фурсат намедод то даст дароз кунад, сиккаҳояшро ҳамеша ба ҷайби ў мерехт, ҳар рўз вақте ба кор мерафт, барояш обу нону панир мебурд. Онҳо тадриҷан бо ҳам одат карданд, мисли шиносҳои дерин, вале ин ошноӣ ҳеҷ гоҳ аз як саломи сода ва лабханди хиҷолатомези ҳарду фаротар намерафт. Санам ба шунидани достони зиндагии ў ҳавасманд буд, аммо кунҷковӣ намекард, мегуфт, ки шояд худаш як рўз қиссаи зиндагиашро бигўяд.
Пирамард ҳангоми тулўъ ва ғуруби офтоб дар хиёбон зоҳир мешуд, на ба ин хотир, ки дар ин соати рўз мардум ба гадоён тараҳҳуми бештар доштанд, балки ба хотири панаҳ ҷустан аз офтоби сўзон.
Дар макони сукути пирамард, замоне дарахти бузурги пуршоху барг қад кашида буд, ба ҷода шукўҳ мебахшид, сояаш раҳгузарҳоро аз партави хуршед наҷот медод, хонаи паррандагони таронасаро буд. Вале рўзе як тўда мардуми савори мошину булдозер омаданду атрофи дарахтро бо рибони зард масдуд карданд ва баъд садои арраи барқӣ баланд шуд.

пешина
аз 313
навбатӣ