Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа
Вақте аз он беҳушии тўлонӣ берун омадам, дигар на зан доштаму на фарзанд ва на хонаву ҷой. Ҳамсарам билохира дархости дуктурҳоро қонеъ кард, баъд хонаро фурўхт ва бо писаронам ба хориҷ рафт. Ҳатто фикр накард, ки агар ҳам мурда бошам, кӣ бояд маро ба хок бисупорад.
Ман ятими парваришгоҳ будам ва ба ҷуз ҳамсару бачаҳоям касеро надоштам.
Духтурҳо маро барои ним соли дигар дар он дастгоҳ нигаҳ доштанд, далелашро намедонам, ин ҳам аз ҳамон мўъҷизаҳои ғайри қобили тавзеҳ аст. Ним сол баъд, дуруст як рўз қабл аз хомўш шудани дастгоҳи бақои зиндагӣ худ ба худ, аз кома берун омадам. Аввалин тасвире, ки дар зеҳнам бурўз кард, ҳамсарам буд, ўро дар як кишвари хориҷӣ дидам, либосаш хориҷӣ буд, забонаш низ... танҳо набуд, мардеро ба ҳамроҳ дошт ва даври он мард мисли парвона бол мезад. Ҳама чиз баякбор дар назарам рўшан шуд, мисли дурахши нур, гўё он лўлаи радду барқ, ки зиндагиамро ба нестӣ бурд, дубора аз паҳлўям убур кард...
Соиқа ҳама дороиҳои арзишмандамро аз ман рабуд, аммо дар иваз як ҳисси шигарфе ба ман дод, гоҳе ҷизҳоеро мебинам, ки намехоҳам бубинам...
Аз он ҷо ки суратам тираву номаҳамвор шуд, ошноҳо маро намешинохтанд, вақте ба дафтари ширкати сохтмонӣ рафтам то васоиламро бардорам, нигаҳбон аз ҳайрат шах шуд. Гоҳе аз чашмони мардум мехонам, ки мегўянд:
«Магар мешавад бо чунин мавҷудияти риққатбор ба домани зиндагӣ чанг зад?» Худам низ ҳайронам... Мурдан тарснок нест, ман маргро таҷруба кардам, шояд аз рўйи кунҷковӣ зиндагӣ мекунам то бубинам баъдаш чӣ мешавад... гумон намекунам Худованд маро танҳо ба хотири ин ҳастии беарзиш ва беҳадаф аз он дунё баргардонд.
Нигаҳбон дар ин нуқтаи достонаш сукут кард ва чанд сония ба сурати ман хира шуд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо