Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа
– Одамҳо тасодуфан даргири моҷораҳо намешаванд, ҳарчи мо мекашем, реша дар сарнавишт дорад. Омадани ту ҳам ба ин ғамхона беҳикмат нест, аммо аз ҳамаи мардум бо як меъёр андоза нагир, одамҳо мутафовитанд. Ҳеҷ кас бачаҳои ятимро беҳтар аз ман дарк намекунад, ман роҳеро пўйидам, дарднок, бераҳм, хордор ва медонам аз сари ятим чӣ мегузарад... Бо диданашон қалбам ба дард меояд, бўйи кўдакии риқатбор дубора ба машомам мерасад ва тамъи ятимӣ комамро талх мекунад... Мехоҳам ҳар якеро ба оғўш бигирам, навозиш кунам, меҳрубонӣ беҳтарин доруест барои рўҳи захмии як ятим, доруе, ки мутаассифона дар давохонаи парваришгоҳҳо ёфт намешавад.
Ногаҳон ҳолате ба ман даст дод, ки ҳаргиз таҷруба накарда будам, чизе дар вуҷудам бо суръати нур буруз кард, гўё ҷодў шудам, наметавонистам аз нигаҳбон чашм бардорам. Он чеҳраи то дирўз бароям зишт ва машкук пеши чашмам бо беҳтарин қашангӣ тағйири андом мекард.
Як майли девонавор, як эҳсоси бароям бегона, як раъшаи ҳаҷонбарангез мисли вулқон аз аъмоқи вуҷудам сар кашид ва мавҷи оташинаш рўҳу ҷонамро фаро гирифт.
Мехостам нигаҳбонро бибўсам...дастонамро бар гарданаш ҳалқа кунам ва сар ба шонаҳои матинаш бигузорам.
Васвасае буд қавитар аз хираду ҳайсияту ҳаё, як эҳсоси хуморолуди байни рўъё ва бедорӣ. Он қадр ба ў хира шудам, ки аввал нигоҳи пурсишомезе ба ман афканд ва баъд бо хиҷолат чашмонашро поин андохт.
Ёдам нест чигуна аз ҷоям баланд шудам ва чигуна ўро аз ҷояш баланд кардам, танҳо лаҳзаеро ёд дорам, ки лабонам ба лабҳои сарду фишрудаи ў часпид, ҳамон тавр ки забон дар сармо ба лўлаи яхзада мечаспад. Намедонам чӣ қадр дар ин ҳолат истодам, ингор як қарни тамом гузашт, то лабонаш оҳиста аз ҳам ҷудо шуд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо