Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ларзиши баданашро эҳсос кардам ва нафасҳои ноҳамворашро, чанде гиҷу сардаргум истод ва сипас маро танг дар оғўш гирифту боло бардошт, гўё ҷонам аз баданам раҳо шуд ва рафтам пайи як парвози озод. Дар ў ҳулул шудам.
Дар авҷи ин парвоз ногаҳон чашмонамон ба рўйи ҳам боз шуд, пилкҳоямон аз ҳайрат ях баст, чеҳрааш аз тарс дарҳам рафт, мардумаки чашмонаш гушод шуданд, дар холе, ки бехудона сар такон медод, худро аз ман канор кашид.
Аз ғуфраи нигаҳбон шабеҳи майзадаи шаб дар бағали хуми шароб хуфта берун шудам, пой бар поям мепечиду сарам мечархид. Бо ҳарос ба атроф нигоҳ кардам, аммо на аз тарсе, ки мабодо касе аз ғуфра берун шуданамро дида бошад. Ин нигаронӣ дар муқоиса бо он эҳсоси марғуб, ки вуҷудамро раҳо намекард, ҷузъиёте буд бетаъсир. Ман танҳо аз майле метарсидам, ки поямро дубора ба сўйи ғуфра мекашонд.
Борон ҳамоно меборид, баландии об то соқи по мерасид ва замини пур аз ҳубоб деги дар ҳоли ҷўшро мемонд.
Чунин тобистони борониро касе ёд надошт. Кори мураббиҳои басти рўз ба поён расида буд, аммо борон имкон намедод онҳо ба хонаҳояшон баргарданд. Онҳо ҳар лаҳза сар аз панҷара берун меоварданд, то шиддати боронро имтиҳон кунанд. Ман бо давр задани сутуни барқ, ки симҳои фарсудааш аз тамос бо якдигар шарора пахш мекард, то соябони даромадгоҳ расидам.
Ба маҳзи ворид шудан ба утоқ худро ба тахти хоб андохтаму болопўшро ба сар кашидам. Мехостам ҳар сонияи он лаҳзаи марғубро дубора зиндагӣ кунам.
Намедонам, он васваса, ки мисли раъду барқ ногаҳон ба ман исобат кард, чӣ ном дошт, аз куҷо расид ва мабнӣ бар чӣ эҳсосе буд?

пешина
аз 313
навбатӣ