Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа
– Се бор аз нахлҳои ҷавон соқа буридам ва ба тани ин дарахти пир пайванд задам, аммо насабзид... чун замонаш гузаштааст.
Ў бодиққат ба ман нигоҳ кард, мехост бидонад, ки оё паёмашро гирифтам ё хайр
– Ман метавонам як дўсти вафодор бошам, фидокор ва ҳамеша омодаи кўмаку пуштибонӣ... аммо барои нақшҳои дигар номзади муносиб нестам, чун замони ман гузаштааст...
Бо нигаҳбон қаҳрӣ шудам, ўро медидаму абрўвонам ба ҳам меомад, чашмонам аз ғазаб рез мешуд ва бо асабоният аз ў рў метофтам. Аммо марҳилаи қаҳру эътирози ман тўл накашид, ҳодисоти муҳиме пушти ҳам иттифоқ афтод ва он ишқи ноком худ ба худ ба ҳошияи хотиротам парт шуд.
Шабе як хоби аҷиб дидам, хоби ҳовӣ аз ҳаёҳўй, мисли саргардонии тўйхонаҳо, пур аз шитобу изтироб, суфраҳои бози лабрез аз ғизо. Ҳамон зани чодарпўшро дидам, модари Юсуфро, билохира гўшаи чодарро аз сураташ канор зада буд, сурате дошт зебо, бо пўсти мармарин, чашмони бузурги мисли зуғол сиёҳ, шабеҳи чашмони Юсуф... вале лабони мисли сипурз кабуд ва ҷўяи хун, ки байни шақиқа ба гунааш хушкида буд. Ҳама ба тамошояш баромаданд, васати парваришгоҳ чарх мезаду зану мардро ба рақс мекашид, дар тан пероҳане дошт аз махмали сафед, бо лаккаҳои хун, мисли садбарги сурх дар барфи нуқраӣ.
Баъд он рўъё шабеҳи каломи як маризи гирифтори тафаккури номунсаҷим ба саҳнаи дигар печид, худамро дар синни тифлӣ дидам ва нигаҳбонро, ки қиёфаи писари бузурги хола Қаламро ба худ гирифта буд ва маро дар бағал такон медоду дар гўшам лолоӣ мехонд, нигоҳи пур аз ишқу алоқамандиаш маро ба хоб мутамоил мекард, ба таври тасвирнопазир хушбахт будам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо