Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа
Чашмонамро ба рўшноии бомдод боз кардам, ҳисси ваҷдомези он рўъёи тўлонӣ, ҳанўз реша дар вуҷудам дошт.
Аз панҷара ба берун нигаристам, борони шаби гузашта мутаваққиф шуда буд, вале қатароти об аз баландии боми филизӣ мелағзиду бо садо ба замин меафтид ва тавре менамуд, ки ҳаво ҳанўз ҳам меборад.
Ронандаи Моҳбегимро дидам ва парастори бемористонро, ки бо қабзаи гул ва ҷаъбаҳои шириниву торт аз даромадгоҳ ворид мешуданд. Ба худ гуфтам, шояд касе аз кормандон зодрўз дорад. Ҳамкорони басти шаб ҳанўз дар сохтмон равуо доштанд, пас ҷаласае дар роҳ буд. Моҳбегими хоксор ҷаласаву суханронӣ ва панду андарзгўиро дўст медошт, ин ягона фурсате буд, ки ў бартарии худро бар зердастонаш таъкид ва эҳтироми худро воҷиб мекард. Бечора намедонист, ки ҳар як иҷрои ў баъдҳо мавзўи хандаву тамасхури зердастонаш мешавад.
Дар ҳамин фикрҳо будам, ки дари утоқам ба шиддат боз шуд ва бод варақҳои дарсамро аз рўйи миз ба самти панҷара парт кард. Пушт ба дар меистодам, ҳадсе даркор набуд, танҳо Гулсум метавонист ҳар дареро мисли дари хонаи худ бидуни риояи одоб боз кунад. Аз дами дар бо таассуф ба ман чашм дўхт, мисли зоғ дар нулаш «хабар»-е оварда буд, хеле сукут кард, эҳтимол изтироб дошт, ё шояд мехост рўйи ман таъсири бештаре бигзорад. Ниҳоят гуфт: «Юсуфро мебаранд», табли шодӣ намезад, фақат омада буд бигўяд: «туро огоҳ карда будам!»
Эй кош инро мегуфт, аммо ҳарфи дигаре гуфт:
– Ғам нахўр духтар, фардо худат даҳто бача мезойӣ!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо