Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Гардиши нимсоата дар хиёбон либосҳоро нам ва пўсти баданро часпак мекард. Тахтҳои бемористон дар ин фасл пур аз маризҳои дарунрав буд ва бўйи тунди исҳоли кўдакон аз тамоми утоқҳо ба машом мерасид. Об аз шикамашон шебеҳи борони сел аз новадон сарозер мешуд ва бадани онҳоро беоб мекард.
Гулўҳо хушк, чашмҳо хушк ва лабҳо парсинг баста буд, дамкўтаҳӣ доштанд ва зери қатрачакон мисли мурғакҳои парканда метапиданд.
Рўзу шаби Моҳтоб ва Ганҷалӣ дар сари болини кўдакони мариз сипарӣ мешуд, хобу хўрок аз ёдашон рафта буд. Гоҳо онҳоро пизишки бознишаста иваз мекард, то чанд соат сар ба болин гузоранд.
Ман то омадан ба парваришгоҳ хеле кам хоб медидам, ё тақрибан намедидам, аммо ҳоло чашм мепўшидаму ғарқи олами рўъёҳо мешудам, рўъёҳои набавӣ, ки ингор дар ҳақиқат иттифоқ меафтоданд.
Дар яке аз ин шабҳои серкорӣ, ки сар рўйи бозў пинак мерафтам Фавзияро хоб дидам, дар тан либосҳои сафед дошт ва дар сар қалпоқи тоторӣ, бо забони худаш суруд мехонд ва ишора мекард, ки бо ў ҳамовоз шавам. Вақте ба ў наздик шудам, дидам, ки дар даҳонаш дандон надорад. Аз ин рўъё тааҷҷуб кардам, аммо дар тўли рўз аз ёдам рафт.
Бўҳрон тадриҷан ба поён расид, заҳматҳои шабонарўзии табибон самар дод ва бачаҳо аз ин маризӣ ҷони саломат бадар бурданд. Ганҷалӣ ҷавонмардӣ нишон доду басти Моҳтобро ҳам бар дўш гирифт ва иҷоза дод, то ў барои як рўз ба назди бачаҳояш баргардад.
Аммо нимаи рўз ногаҳон сару садое аз ошёнаи дувум бархост ва то расидан ба табақаи аввал ба «бигиру бидор»-и чандсадоӣ табдил шуд.

пешина
аз 313
навбатӣ