Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа
Лаҳзае баъд Гулсум ва мураббии мардсурат бо чеҳраҳои аз тарс рангбохта замбареро дами дар гузоштанд. Фавзияро дидем, ки бо гунаҳои мисли анор сурх, чашмони баста ва лабҳои фишурда беҳушу беёд мехобид, танҳо ашк аз гўшаи чашмони бастааш ба шақиқаҳояш мерехт. Ҳамон тавр ки фаҳмидем писараш се рўз боз нопадид будаст, лаҳзае пеш аз пулис дар тамос шуданду гуфтанд, ки ў дар садамае ҷон бохтааст.
Духтур Ганҷалӣ фишори хуни Фавзияро поин овард ба ў мусаккин тазриқ кард.
Пиразан соатҳо хобид, аммо вақте чашм боз кард, он чунон навҳаи пурдард кашид ва мушт ба сина зад, ки хун дар рагҳои мо шах шуд. Мегуфт: «Писарам дар сардхона хунўк мехурад, маро ба онҷо бубаред, то ўро бағал кунам». Моҳбегим Фавзияро ба хонааш бурд ва масъулияти аз сардхона гирифтани ҷасади писари ўро ба ронанда ва нигаҳбон супурд. Писари Фавзияро обрўмандона ба хок супурданд, ҷомеъаи бузурги тоторҳои шаҳр барояш хайру худоии бошукўҳ ташкил кард.
Ў баъди марги писараш дигар он Фавзияи қаблӣ набуд, аз кор рафт, барои идомаи зиндагӣ на ангеза дошт, на тавон, на дору мехўрд на ғизои кофӣ, амдан об наменўшид то аз ҷой баланд нашавад. Моҳбегим ўро раҳо накард, баръакс реҷаи корамро тағйир дод, то шабҳо аз Фавзия муроқибат кунам.
Опортмони дуҳуҷрагии Фавзия дар ҳамсоягии парваришгоҳ қарор дошт, дар ошёнаи дуюми як бинои чаҳортабақа. Як хонаи қадимии барҳаво, бо васоили қадимӣ, ки даҳсолаҳо боз иваз нашуда буд ва инҷо роҳат мешуд филмҳои қарни гузаштаро ба навор бардошт.
Утоқи нишеман ду сандалии дарозпоя дошту як ҷевони қадимӣ, бо зарфҳои дастнохўрда, қанддонҳои булурӣ ва делфини сафолӣ бо шаш бачааш.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо