Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа
– О, ҳамон зане, ки имрўз бо ҳам омадед.
– А, ў Майҳара буд...
– Майҳара кӣ аст? – Пиразани алангудор асабонӣ шуд.
Найсон ҳарфҳои хола Қаламро, ки ҳеҷ кас ба ҷуз хонаводаи ў ва дўстонаш намефаҳмид, ба модарбузургаш «тарҷума» кард.
– Ҳамсари набераашро мегўяд, исмаш Майсара аст.
Пиразан аз ин шарҳ бештар гиҷ шуд.
– Наберааш бо зани аз худаш бузург издивоҷ кардаст?
Хола Қалам бо тааҷҷуб гоҳ ба пиразан нигоҳ мекард, гоҳ ба наваи ў. Найсон нахост мавзуъ беш аз ин печида шавад.
– Он зан Санам буд.
Пиразани алангудор акнун дошт гўшти лаҳмро нишон мегирифт, ки бо шунидани исми Санам дасташ дар рўйи табақ шах шуд, оҳиста ба навааш нигоҳ кард, ки шояд ҳарфи ўро иштибоҳ гирифта бошад, аммо нигоҳи маънидори Найсонро диду гўштро дар гўшаи табақ гузошт ва дасташро башиддат аз суфра берун кашид.
Найсон ҳарфашро идома надод, пиразан ҳам ниёз ба шарҳу тавзеҳ надошт. Ў дандонҳояшро берун оварду дубора ба косаи об андохт ва худро ба гўшае кашид.
– Чаро шах шудед? Чаро ҳама аз ин Санам метарсед? – Пурсид Найсон ситезаҷўёна.
Модарбузург гўш ба карӣ заду сохтакорона хамёза кашид.
Ивазаш хола Қалам ҳушёр шуд. Ингор ўро бо як сатил оби сард аз хоб бедор карда буданд, ки чашмонаш ба андозаи тавон боз шуданд ва бо ҳамон калимаҳои нимафаҳмо бо тааҷҷуб пурсид:
– Санам омада буд?
Найсон бо ишораи тасдиқ сар такон дод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё