Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аз баландгўи рўйи сутуни баланд садои мусиқии нарму хобовар ба гўш мерасид. Пойҳои Шаҳбоз аз саргардониҳои тўлонӣ ва шонаҳояш аз бори фишори равонӣ хам мешуданд, эҳсос кард, ки дигар тавони ҳаракат надорад. Дар ҷустуҷўи ҷойи нишаст назаре ба атроф афканд. Фавворае кўчакеро дид, ки об аз лўлаҳояш бо чир-чири ҳаловатбахш ба ҳавзи шабеҳи як карсони бузург сарозер мешуд. Шаршараи об дар иҳотаи чанд нимкат қарор дошт. Дар яке аз нимкатҳо пирамарде бо даҳони боз пинак мерафт, чашмони дар ҳадақа фурўрафта дошт ва гунаҳои устухонӣ, гоҳи авқот дасти лоғарашро такон медод ва магасеро, ки дар бехи гўшаш виз-виз мекард, дур меандохт. Дар ин гармо дар тан шиму кастум дошт ва кўлоҳе аз намад, ки рўйи зонувонаш мехобид, пойҳояш аз кафш берун буданд, пинакаш дар ҳавои серуни канори фаввора ва шир-шири об зоҳиран ба хоби амиқ табдил мешуд.
Шаҳбоз дар нимкати паҳлўи пирамард нишаст, шиппаки резинӣ пўсти байни ангушти аввалу дуюмашро сойидаву хуншор карда буд, аммо на дарди пой ва на иттифоқоти имрўз монеъи чурт заданаш намешуд. Пилк ба ҳам гузошту хобаш бурд.
Дар хоби маст буд, ки ногаҳон дасте шонаашро бо эҳтиёт такон дод ва ҳамзамон нафаси гармеро дар чеҳрааш эҳсос кард.
– Бедор шав писар!
Шаҳбоз чашм боз карду дар партави фонўсҳои боғ пирамарди кулоҳпўшро дид.
– Баланд шав, инҷо хобидан мумнўъ аст, пулис дар атроф мегардад, ба дасташ биафтӣ ба осонӣ раҳо намешавӣ».

пешина
аз 313
навбатӣ