Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа
– Пирамард ҳарф мезад ва дандонҳои маснуъияш ба ҳам бармехўрду «чок- чок» садо дармедод.
Шаҳбоз рўйи нимкат нишаст, ибтидо ба пирамард хира шуд ва сипас ба атроф, саргаранг буд, ёдаш намеомад, ки чигуна инҷо афтодааст. Ногаҳон барқе зеҳнашро рўшан кард ва тамоми ҳодисоти он рўз босуръат аз пеши назараш гузашт. Андўҳи амиқ дубора вуҷудашро фаро гирифт.
Пирамард камарашро дар такяи дастонаш рост кард ва дар гўшаи дигари нимкат нишаст.
– Хонаат куҷост?
....
– Аз зоҳират бачаи шаҳрӣ менамоӣ.
Шаҳбоз пузханд зад.
– То субҳи имрўз медонистам бачаи куҷоям, хонаам куҷост, волидонам кистанд, аммо ҳоло ҳатто ба вуҷуди худам шак дорам.
Пирамард муддате сукут кард ва сипас пурсид:
– Ҷое барои хобидан дорӣ?
– Ҳаминҷо мемонам.
– Ҳарфамро нашнидӣ писар, гуфтам инҷо хобидан мамнўъ аст, пулис иҷозат намедиҳад.
– Шаҳр бузург аст, дар ягон гўшаи дигар мехобам.
– Баланд шав, бо ман биё, бо ҳам шом мехўрем…
Манзили пирамард дар ҳамсоягии ҳамон боғ, дар миёни сохтмонҳои ҷадид қарор дошт, кофӣ буд танҳо роҳи мошингардро убур кунӣ. Як хонаи начандон бузург, тозаву тамиз, бо айвони шишаӣ ва чамане аз гулҳои рангоранг. Соҳибхона чароғро рўшан кард ва печи лўлаи обро тоб дод, риштаҳои борики об аз сўрохи лўла ба рўйи гулҳои аз гармо беҳол сарозер мешуд ва ба тани пажмурдаи онҳо ҷони тоза медамонд. Пирамард чусту чолок ба назар меомад, сабук роҳ мерафт ва дар паллаҳо роҳат болову поин мешуд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо