Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа
Бе он ки аз он акс чашм бардорад, қайчиро дар мизи паҳлўӣ пайдо кард ва шабеҳи як ҷарроҳ, ки дугоникҳои сиёмиро аз ҳам ҷудо мекунад, акси худро бо эҳтиёт аз канори хола берун овард. Фақат натавонист ҳалқаи дастони кўчакашро аз гардани ў бардорад ва тани холаро аз тани худ ҷудо кунад...
Саранҷом варақаҳои дуқатшударо боз кард. Дастхат якнавохт ба назар меомад, нависанда гўё ибтидо номаро бо аъсоби орому бо итминон оғоз карда буд, аммо баъд ба навиштаҳояш шак мекарду ҳамаро хат мезад. Баъзе ҷумлаҳоро ҳанўз ҳам мешуд хонд, баъзе каламотро худкор башиддат сўрох карда буд. Ҳар ҷумлаи хатзада бо салом шурўъ мешуд: Салом Санами азиз! Азизи дилам салом!
Ассалому алайкум маҳбуби дили хола!
Аз ин варақҳо садои хола баланд мешуд ва ҳар каломи муҳаббатомези ў мўйро дар тани Санам рост мекард.
Нависанда шояд аз як ҷое дарк кард, ки ин нома танҳо баъди маргаш ба дасти мухотаб мерасад ва ҳама «саломҳо»-ро пушти ҳам хат зада буд. «Магар мурда метавонад ба зиндаҳо салом бифиристад?»
«Санам, азизам, ин нома замоне ба дасти ту мерасад, ки ман дигар дар ин дунё нестам ва рафтаам ба ҳамон табақаи поёнии дўзах, ки дар охирин дидор бароям аз Худо хоста будӣ. Тасаввур мекунам, ки ҳатто даст задан ба ин нома бароят нафратовар аст, туро дарк мекунам, ҳақ дорӣ. Аммо як бор ҳам, ки шудааст ба хотири ҳамхунӣ, ба хотири заҳматҳои бароят кашидаам, ба хотири ишқу алоқамандиам, ба хотири бедорхобиҳоям, ин номаро то ба охир бихон. Бидон, ки танҳо муқассири бадбахтиҳои ту ман набудам, гуноҳи дигаронро дар дафтари аъмоли ман нанавис, гўри ҳар кас ҷудост. Гузашта аз ин, ман даҳ баробари заҷрҳои туро кашидам, ҳам заҷрҳои равонӣ ва ҳам ҷисмонӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё