Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа
наҷво гуфт:
– Дигар ба он хона барнагард, вагарна Моҳистон хунашро дар рўят рўшан мекунад!
Каломи гиҷкунандаи пиразан ба инҷо расида буд, ки дарвоза боз шуду арўси ў дар як даст нону дар дасти дигар косаи шир ба хона ворид шуд.
Кампир бо ишораи чашму абрў ба Найсон фаҳмонд, ки дар ҳузури арўси ў чизе нагўяд.
– Ҳумайро, Зайнабро бигў баланд шавад, дугонааш омадаст, бо ҳам ба мадраса бираванд.
Келин бо садои баланд хандид. Ў ҳамсари писари дуюми хола буд, даҳаи чаҳоруми умрашро пушти сар мекард, аммо бо қомати расо, чашмони хумориву абрўвони баланд, лабҳои ҳамеша моили табассум, бинанда ба ў бештар аз сӣ сол намедод. Ҳатто ҳангоми даъво бо ҳамсараш лабханд мезанад ва ҷанҷолро ба шўхӣ мебурд. Хола Қалам дар гузашта, вақте ҳанўз хотираву ҳофиза дошт, бо киноя мегуфт:
– Ин духтари деҳотӣ писари шаҳрии маро бо ҳамин айёрӣ зери по кард, ҳоло дигар Ҳумайро «лоло»-ву дигарон «киха» шудаанд!
Арўси хола дастархонро боз карду дар косаи шири доғ чанд тикка нон андохт ва дар ҳоле, ки ханда намегузошт лабонаш бо ҳам биёянд, гуфт:
– Кампир ҳамаро бо ҳам қатӣ мекунад, Зайнабро мешиносӣ, набераи кампир аз писари бузургаш. Дар Ванҷ зиндагӣ мекунад, модари як хона фарзанд аст, соле як бор ба меҳмонӣ меояд.
– Хола маро ҳам Санам хаёл кард... Гапҳои аҷибу ғариб зад, мегуфт, солҳо пеш вақте Санам дар хонаи мо зиндагӣ мекард, иттифоқи баде барояш афтодаст... Ман дар ин бора чизе намедонам... Модарам намехост мо аз Санам суол кунем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё