Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа
Шояд шумо бидонед, ин ҳама сол бо мо ҳамсоя будед...
Ҳумайро дар гўшаи дигари айвон рў ба Найсон нишаст, остинҳои барзадаашро поён оварду пероҳанашро аз хасу хошоки оғил пок кард ва бо садое, ки ба ҷуз ҳарду касе намешунид, гуфт:
– Росту дурўғи он ҳодисаро қазоват намекунам, аммо мегуфтанд, ки ў бо як марди зандор робита дошт ва дар шонздаҳсолагӣ аз хонаи шумо фирор кард.
– Кӣ мегуфт?
– Ин ҳарфҳоро аз забони Моҳистон мешунидем, модарбузурги падарият ҳам овоза паҳн мекард.
– Ҳодисаи кадом сол буд?
– Ҳмм, Худо дурўғгў накунад, Санам соле аз хонаи шумо рафт, ки ман Манучеҳрро ба дунё овардам ва модарат дугоникҳояшро. Писари ман қадам ба ҳаждаҳ гузошт, хоҳару додарат ҳам. Солашро худат бишумор.
Баъди рафтани Санам, намедонам чаро, аммо Моҳистонро як муддат милисаву прокурор кашокаш кард, ҷойи корашро аз даст дод, аз ин хона ба ҳавлии падариаш нақли макон кард, қариб як сол онҷо буд, баъд бо дугоникҳояш баргашт. Падарат ҳамон сол рафт, ё ҳаминҷо буд, ёдам нест, аз он замон солҳо гузаштанд...
– Он мард кӣ буд? Ҳамоне, ки Санам бо ў фирор кард?
– Намедонам, инро модаршўям медонист, аммо сир бой намедод, солҳои ахир вақте ҳофизаашро аз даст дод, як чирту пиртҳое мегуфт, вале мо бовараш намекардем.
– Чӣ мегуфт?
– Ёдам нест... аз худаш бипурс, гоҳо ҳофизааш мисли чароғ рўшан мешавад... Хуб, ман биравам, ба назарам оташи зери ширро хомўш накарда будам.
Найсон ба хола Қалам чашм дўхт. Пиразан сар аз суфра барнамедошт ва нонҳои таритшударо пушти ҳам нохоида фурў мебурд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё