Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Суратҳоро солҳо баъд аз болохонаи пур аз чанги хонаи хола пайдо кардам. Эҳтимол модарам ин албомро ба холаам дод, то мо решаҳои худро фаромўш накунем, вале хола хотироту решаҳои моро бо кўҳнаколоҳои дигар ба болохонааш андохт. Дар миёни аксҳо ягон тасвири муштараки волидонамро наёфтам, як ду акси алоҳидаи падарамро дидам. Аз он аксҳо марде бо чашмони ғамгин, гунаҳои фурўрафта ва шонаҳои хамидаи шабеҳи пиронсолон ба ман нигоҳ мекард. Дар чилсолагӣ мисли шастсолаҳо буд – як инсони қаноатӣ, як коргари заҳматкаши корхонаи фароварди гўшт, ҳуқуқаш ҳам ба андозаи худаш, назарногир ва нокофӣ... Ситорааш бо модарам дар ҳамин мояҳо мувофиқ наомад. Дар ғиёби модарам ягона хоҳари падарам, амма Мунис аз ў муроқибат мекард, оиладор буд, аз он сўйи шаҳр меомаду барои бародараш ғизо мепўхт, либосҳояшро мешуст, хонаашро тамиз мекард.
Аз муҳоҷирати модарам ним сол гузашта буд, ки падарам умрашро ба мо доду рафт. Остини либоси кориаш дар чархи гўшт дармонд ва он дастгоҳи бузург ўро мисли наҳанг ба комаш фурў бурд. Ман он вақт хўрд будам, ин фоҷеаро солҳо баъд аз амма Мунис шунидам. Ў мегуфт:
«Бародари бадбахтамро дар сандуқи сарбастае оварданду васати хона гузоштанд, гуфтанд «бозаш накунед», ўро ношуставу бекафан ба хок супурдем. Янга рўзи дафни бародарам ҳузур надошт, рўзи сеюм омад, зоҳиран Русия рафта буд, аммо аз Туркия баргашт, ба назар хуб мерасид, ҷавон шуда буд. Зиёд намонд, пас аз маросими «ҳафт»
озими Истамбул шуд, гуфт, ки дар кадом корхонаи дўзандагӣ кор мекунад ва агар кораш барор бигирад, ҳамонҷо мемонад. Гуфтем: «бачаҳо чӣ мешаванд?» Гуфт, ки: «аз онҳо муроқибат кунед, ҷуброн мекунам». Амма Мунис ин ҳодисаро буғз дар гулў нақл мекард.

пешина
аз 313
навбатӣ