Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа
Дастёри беминнати хола будам, шири бачаашро медодам, пўшакҳояшро мепўшондам ва ҳатто хонаро бо ҷорўб мезадам. Холаи хастаҳол аз бехобии шабона дастонамро мебўсид ва мегуфт: – «Агар дар умрам як кори дуруст кардам, ҳамин фарзандхонии ту буд».
Найсон зуд бузург шуд, дастикам ба назари ман чунин менамуд, дандонҳояш неш заданд, кам-кам забон ҳам баровард ва акнун бо шеваи паррандаҳо бо худ «ғут-ғут»
мекард.
Таваллуди кўдак хулқу сирати шавҳари холаамро каме дигар кард. Забонаш мисле, ки боз шуда буд, бачаро ба даст мегирифту бо нозуктарин садо ва бо шеваи кўдакона бо ў «леле пепе» мекард. Ба сару рўяш бўс мезад, нигоҳаш ба ман меафтиду хиҷолатомез мегуфт: – «Санам, духтари хушгилам, туро бештар аз ин арўсак дўст медорам». Маро мебўсид ва сарамро навозиш мекард, хориамро меовард. Баъд ба хотири дигар кардани рўҳияи ман мисли асп маҳмез мезад ва мегуфт: – «Кӣ мехоҳад ин аспи тозиро саворӣ кунад?» Ба пушти ў меҷаҳидам ва хола кўдакро ба бағалам мегузошт. Баъд шавҳари хола «хаста»
мешуду ба пушт мехобид ва моро рўйи шикамаш менишонд. Аз ин аспбозӣ хушаш меомад, онро борҳо такрор мекард.
Зиндагӣ идома дошт, модарамро фаромўш кардам, вақтам бо хола хуш мегузашт, аммо таври маъмул нохушӣ ногаҳон ва аз нокуҷо омад.
То ҳафсолагиам се моҳи дигар монда буд, хола Моҳистон бароям мактаб интихоб мекарду санад ҷамъ меовард, вале ман ногаҳон мариз шудам. Бемории аҷибе буд, бо кобусҳои нимашабиам иртибот дошт, ҳар бор як хобро медидам, як рўъёи тарснок ва олуда ба нафасҳои амиқу сўзонро.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё