Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа
Ду моҳи тобистон дар хонаи амма Мунис ва дар канори хоҳарбузургам Шабнам мисли ду рўз гузашт. Дар ин ду моҳ на дору хўрдам, на хоб медидам, вазн гирифтам, гунаҳоям гулобӣ шуданд. Намехостам ба хонаи хола баргардам, он хона бароям бо ҳамон кобусҳои нимашабӣ муртабит буд.
Мутаассифона, аммаи фақирам наметавонист ба болои хоҳарам маро низ саробон шавад, ноилоҷ ба хонаи хола Моҳистон баргаштам.
Шабе аз шабҳо, дақиқан лаҳзае, ки панҷаи таболўд ронҳои маро ламс мекард, ногаҳон чашмам боз шуд ва нимхобу нимбедор он дастро аз тани худ дур кардам, рўъё набуд, вуҷуди воқеъӣ дошт ва ман бо тамоми овоз ҷиғ кашидам. Аз байни пилкҳои ашколуд дидам, ки шабаҳе мисли мор аз бистари ман поён хазид ва аз интиҳои болопўшам берун рафт. Чароғи шаб сояи ваҳшатноки монанди ғулро дар девор кашид ва ман аз тарс ғаш кардам. Вақте чашм кушодам, хола Моҳистон ва шавҳарашро болои сарам дидам, нимабараҳна буданд. Шавҳари холаам дертар кунҷковона аз ман пурсид: «Он шаб батакрор мегуфтӣ касеро дар бистари хобат дидӣ... дуруст фикр кун, шояд боз ҳам кобус буд?» Ман аз ин суолҳо метарсидам, асабӣ мешудам, намехостам касе дар бораи он даст аз ман бипурсад, ба ҷойи посух домани гиряро сар медодам.
Шавҳари хола сарамро навозиш кард ва гуфт: «Натарс, то ман зиндаам, касе ба ту осеб намерасонад».
На он вақт ва на баъдаш аз робитаи мармузи байни
хола ва шавҳараш сар дарнаовардам. Шаш сол аз зиндагии муштараки онҳо мегузашт, аммо он қадр аз ҳам дур
ва бо ҳам бегона буданд, ки барои ташхиси ин воқеият зарур набуд равоншинос бошӣ. Ҳеҷ гоҳ шоҳиди нозу истиғнои хола ва нозбардориҳои он мард набудам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё