Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Комилан ба ҳуш омада будам, аммо намедонистам маро куҷо мебаранд ва чаро дуздона рафтор мекунанд. Он се нафар кори худро балад буданд.
Худрав дар торикии шаб ҷодаҳои пур аз шебу фарозро сангпуштвор убур мекард, ба чолаҳои хўрду бузуг бармехўрд ва мусофиронро башиддат такон медод. Ронанда роҳро хуб намедонист, парастор ўро раҳнамоӣ мекард. Ў ҳар бор барои раҳнамоӣ ба тарафи ронанда хам мешуду сари маро бо зонуяш ба пеш мекашид ва дардамро афзун мекард. Билохира «расидем» гуфту худро ақиб кашид. Ронанда омодаи ин амр набуд, ки мошин аз фишори тормоз сахт такон хўрд, хаёл кардам тамоми бахияҳои шиками даридаам аз ҳам пошиданд. Субҳ дошт ковок мешуд, аз панҷара моҳи комилро дидам, ки ҳанўз дар васати осмон буд ва атрофро мунаввар мекард. Садои чирчиракҳо, аккоси сагҳо ва фарёди хурўсҳои барвақтӣ аз дур шунида мешуд. Ҳадс задам, ки инҷо ҳошияи шаҳр аст, ё ягон деҳкадаи атроф, чун ҳаддиаксар ним соат роҳ паймудем.
Фақат бархилофи рўстоҳои дигар, ки мардум субҳи зуд ба гову моли худ мерасанд, ё ҳосили боғҳояшонро ба бозор мебаранд, инҷо на садои гов шунида мешуд ва на туқ-туқи чархи ароба.
Ронанда пеш аз дигарон аз мошин берун омад, ў зонуяшро дар рикоби мошин гузошту маро оҳиста ба поён кашид, чашмам дар рўшноии моҳ ба сураташ афтод, ўро шинохтам... бародаршўйи хола буд. Зоҳири тарснок дошт, сурати асбмонанд, чашмони фурўрафта ва бинии уқобӣ, девҳои афсонавиро ба ёд меовард. Хола ўро дўст намедошт, мегуфт аз ҳад беш фузул аст, роҳашро ба хона ҳамеша масдуд мекард, аммо ҳоло барои раҳоии ҷони шавҳараш, ё шояд ҳифзи обрўйи худаш, розӣ буд ҳатто бо шайтон ҳамдаст шавад.

пешина
аз 313
навбатӣ